Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ Орипов Фаррух, сокини 29-солаи шаҳри Душанберо ҳангоми фурӯши воситаҳои нашъадори навъи "Метамфетамин" ва ҳабҳои экстазӣ дастгир намудаанд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар Душанбе, зимни кофтуков аз манзили истиқоматии гумонбаршаванда 363 дона ҳабҳои экстазӣ ва 70 грамм "Метамфетамин" дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Айни замон Орипов Ф. дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.