Бозгашти марди муҳоҷир (ҚИСМИ 1)
1030

Баъд аз 12 соли мусофират Алиҷон ба ватан баргашт. Шодиву хурсандии ҳамсару фарзандонашро ҳадду канор набуд. Писаронаш аллакай мардак шуда буданду падар базӯр онҳоро шинохт. Духтаронаш гирдаш парвона, аз бағалаш намефаромаданд.

Ҳамсараш бо нигоҳи ташна ба чеҳраи коҳидаву аз таровати пешин нишоне намондаи шавҳар нигариста, зери лаб такрор ба такрор мегуфт:

- Худоро шукр, чашм нарасад, ба бахтам ӯ гашта омад.

Дар навбати худ Алиҷон ба ҳамсараш, ки дар мӯйҳояш сапедӣ дамида, хеле бармаҳал пир шуда буд, нигариста, дар дил андеша менамуд: “Чӣ иштибоҳи бузурге кардам ман. Ҳамин хел зани зебову бовафоро дар нимароҳи зиндагӣ бо 8 тифли кӯчак партофта рафтаму боре ҳатто музди ночизе ҳам нафиристодамаш. Як зани фартуту майзадаро аз ӯ авлотар донистам. Чӣ аблаҳие, чӣ номусулмоние буд, ки ман содир кардам. Боз дӯстам медорад, меҳрубониям мекунад”.

12 сол пеш аз ин Алиҷон касби муаллимиро тарк намуда, мардикорӣ меравам гӯён, сӯйи Федератсияи Русия раҳсипор гардид. Дар шаҳри Ижевск хонаи занеро ба иҷора гирифта, аз пайи ёфтани кор шуд. Чӣ шуду шабе бо он зан ташкилӣ карданду нохост ҳамхоба гардиданд. Дигар зан домони ӯро сар надод. Талаб кард, ки ё зан кунад ва ё аз хонаи ӯ баромада равад. Алиҷон ба гумони он, ки “муваққатан ҳамроҳаш зиндагӣ мекунаму баъд партофта меравамаш” розигӣ дод, ки ақди никоҳ банданд. Пас аз зану шавҳар шудан зиндагиаш чун маҳкамаи торике гардид. Зан рӯзаш намедод. Агар ҳамватане меҳмонӣ биёяд, ғур-ғур карда, рӯирост сиёҳпӯстон гӯён таҳқир мекард. Ба замми ин, таҳдид менамуд, ки агар Алиҷон фикри ватану зану фарзандонашро кунад, ба воситаи ҳамшаҳриҳояш ё несту нобуд менамояд ва ё дар маҳбас бурда мешинонад. Алиҷон ки медонист Инна ба ҳама кор қодир аст ва дар ин ғарибӣ касе ба доди ӯ намерасад, хомӯшу маҷбурӣ бо ӯ зиндагиро пеш бурдан гирифт.

Вақт ноаён гузашту Алиҷон бо меҳнати сангини заводи хишт овора ҳис намекард, ки чӣ хел 12 сол сипарӣ гардид.

Хайрӣ баъди сафари шавҳар ҳайрону сарсон, намедонист, ки ба чӣ коре машғул шаваду ризқу рӯзии кӯдакони хурдсолашро ёбад. Ба замми ин, бародарони шавҳараш ба сараш омада, таҳдид мекарданд, ки зудтар хонаро холӣ карда, ба куҷое хоҳад, баромада равад. Ӯ гиряву зорӣ мекард, ки ба ҳоли фарзандонаш раҳм намоянду то омадани шавҳараш сабр кунанд.

- Ту боз умед дорӣ, ки шавҳарат ба назди тӯйи қишлоқӣ гашта меояд?

- Бародари мо зан гирифтааст. Ту дигар ҳеҷ гоҳ ба ёдаш намерасӣ.

- Мувофиқи шариат агар муддати 6 моҳ ёрдами моддии шавҳар ба зану кӯдаконаш нарасад, ба талоқ расиданаш мумкин аст. Барои ҳамин, ту ин сағераҳои нонхӯратро гиру аз хонаи бародари мо баромада рав...

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД