35 years of independency
Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои ИДМ дар Душанбе
06.10.2026
Оила
79

Душанбе мизбони 20-умин Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои ИДМ мешавад

Имрӯз, 6 -уми октябр, дар шаҳри Душанбе 20-умин Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз мешаванд. Чорабинӣ то 9-уми октябр идома хоҳад кард.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар доираи бозиҳо 6-уми октябр дар бинои Вазорати фарҳанг конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Бозиҳои Делфӣ: воситаи муассир барои дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди соҳаҳои эҷодӣ ва сайёҳии чорабинӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор мешавад.

Ҳамчунин, соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими расмии ифтитоҳи Бозиҳои Делфӣ баргузор хоҳад шуд.

Дар ин чорабинӣ намояндагони 9 кишвари ҷаҳон иштирок карда, истеъдоди худро дар бахшҳои фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, созҳои нафасӣ, сарояндагии академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ, инчунин рақси халқӣ намоиш медиҳанд.

Ҳадафи асосии Бозиҳои Делфӣ дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, дастгирии фаъолияти эҷодии онҳо, баланд бардоштани сатҳи маънавию эстетикии наврасону ҷавонон ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ арзёбӣ мешавад.

Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои ИДМ яке аз чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ барои муаррифии истеъдодҳои ҷавон ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои иштирокчӣ ба ҳисоб меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД