formula
БОЗИҲОИ ХОНАГӢ-ДУНЁИ РАНГИНИ КӮДАКОН!
2849
БОЗИҲОИ ХОНАГӢ-ДУНЁИ РАНГИНИ КӮДАКОН!


Нигоҳубини фарзанд дар хона хеле кори душвор аст. Азбаски кӯдакон пайваста дар ҳаракат ҳастанду кунҷкобӣ зоҳир мекунанд, бо машғулият ё бозие онҳоро андармон кардан лозим аст, то ки ҳам вақтро беҳуда нагузаронеду ҳам фарзандатон зимни бозӣ аз ҷиҳати ҷисмониву ақлонӣ хубтар рушд ёбад.

Инак, мо ба шумо 4 намуди бозиро пешниҳод менамоем, ки хеле осон ва иҷро намуданаш дар шароити хона имконпазир аст.

1) Маракасҳои худсоз
Ду дона зарфи чойнӯшии яккаратаро мегирем. Дар 1-тояш якчанд донаи лӯбиё андохта, баъдан стакончаҳоро ба ҳамдигар ба воситаи скотч пайваст менамоем. Тавассути ин асбоби мусиқии худсоз оҳанг офаридан мумкин аст.

2) Фонуси афсонавӣ
Ба доҳили баклажка об андохта, 3 -4 қатра равғанро илова менамоем, пас аз он ба он силсила ва мӯҳраҳоро андохта, сарпӯши баклажкаро сахт маҳкам мекунем. Дар хонаи торик баклажкаро таккон дода, фонусакро дар зери баклажка медорем, то ки силсилаву мӯҳраҳо ҷилло диҳанд. Бозии мазкур шоми кӯдаконро рангин месозад.

3) Муҳраҳои худсоз
Қубурчаҳои пластикиро ба қисмҳои хурд бурида, ҳар кадомашро бо муҳраҳо ба банд мегузаронем. Нӯги риштаро мебандем. Муҳраҳои худсоз тайёр!

4) Рангҳоро меомӯзем
Аз картони ғафси ранга шаклҳоро бурида (офтоб, арча, абр), бо қапақҳои ранга ба шаклҳо мечаспонем. Аз кӯдак хоҳиш мекунем, ки рангҳоро номбар намояд.
Ба ин монанд даҳҳо бозиҳои одиву ҷолиб вуҷуд доранд, ки бо андак кӯшиши калонсолон хеле хушҳолкунанда ҷараён ёфта, кӯдаконро ба худ ҷалб месозанд. Тифли худро машғули бозӣ намуда, шумо ҳам истироҳат мекунеду ҳам дунёи фарзандатонро рангин месозед.

Мақолаи мазкур бо дастгирии UNICEF Тоҷикистон омода гаштааст. Мақола дар асоси сиёсати редаксионии Медиа Холдинги "Оила" таҳия шуда, ҳатмӣ нест, ки мавқеи расмии UNICEF-ро инъикос намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД