shoh palace
Бозори гадоҳои суғдӣ касод мешавад?
761


Кормандони мақомоти милитсияи Вилояти Суғд дар давоми 2 соат беш аз 25 нафар ҷӯгию талбандаро, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам талбандагӣ карда, ҳусни шаҳрро коста мекарданд, ошкор намуданд.

Боздоштшудагонро ба қабулгоҳ тавдиҳгоҳи шӯъбаи милитсия бурда, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Бино ба иттилои Акбар Шарифӣ, сухангуӣ хадамоти матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд ҳамаи он нафароне, ки руй ба талбандагӣ оварда дар боғу гулгаштҳо, бозору чойхонаҳо ва дигармавзуъҳои серодами шаҳр гадоӣ мекарданд, аслан солим ва қобили меҳнатанд, аммо ба ҷойи кор карда, нони ҳалол хӯрдан бо талбандагӣ рӯз мегузаронидаанд. Аксари ҷӯгиҳо ва дигар боздоштшудагон, ки зимни рейди кормандони шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъият РВКД ҶТ кирдорашон ошкор шудааст, сокинони шаҳру ноҳияиҳои Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров Ҳисор, Хуҷанд ва Ҷаббор Расулов будаанд.
Агарчӣ саломатияшон хуб ба қобили меҳнат мебошанд, барои раҳми мардумро овардан онҳо фарзандони ноболиғи худро низ ба талбандагӣ ҷалб мекардаанд, то ки ҳисси дилсӯзии одамони дар гирду атроф бударо бедор кунанд.
Барои маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷандро аз ин гуна афрод тоза кардан Шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъият РВКД ҶТ тасмим гирифтааст бо ҷалби нозирони минтақавӣ ва қабулгоҳ тавдиҳгоҳ дар шаҳр посбонии пайроҳадорӣ ҷиҳати пешгирӣ аз талбандагӣ ташкил карда, мунтазам дар ин самт корбарӣ кунад.

Ба фикри кормандони милитсияи вилояти Суғд ягона роҳи кам кардани талбандаҳо дар шаҳр танг кардани фазои кории онҳост.
Ёдовар мешавем, ки барои аз байн бурдани талбандагию гадоӣ дар шаҳри Хуҷанд пайваста амалиётҳои гуногун гузарониад мешавад. Қаблан, аз 25-уми май то 25- уми июн аз ҷониби масъулини мақомоти милитсияи шаҳр "Аламиёти талбанда" гузаронида шуда буд.

Бино ба иттилои масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят сабаби маҳз дар шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ шудани ин амалиёт зиёд шудани талбандаҳо ба ин шаҳр мебошад. Амалиёти талбанда мавсимӣ буда, минбаъд пайваста ба роҳ монда мешавад, зеро ҳар қадар дар маркази вилоят талбанда зиёд шавад, ҳамон қадар ҳусни шаҳрро коста мегардонад. Милисаҳои шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза рейд мегузаронанд, то шаҳрро аз оворагардону талбандагон тоза кунанд.

Амалиёти мазкур ба хотири риояи маданияти шаҳрдорӣ роҳандозӣ шуда, кормандони милитсияи шаҳри Хуҷанд танҳо давоми як рӯз 45 нафар талбандаро боздошт карда ба шуъба оварданд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД