Бозорҳои бузурги шаҳри Душанбе, аз ҷумла бозори «Корвон» рӯзҳои 7, 8 ва 9-уми сентябр фаъолият намекунанд. Ин иқдом ба омодагӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 9-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад, марбут аст.
Бо вуҷуди ин, бояд таъкид кард, ки барои сокинони Тоҷикистон танҳо 9-уми сентябр рӯзи расмии истироҳатӣ мебошад. Рӯзҳои 7 ва 8-уми сентябр рӯзҳои истироҳатии умумимиллӣ ба ҳисоб намераванд. Аз ин рӯ, ба шаҳрвандоне, ки ният доранд аз бозорҳои бузурги пойтахт харид кунанд, тавсия мешавад, то баста будани бозорҳоро дар давоми се рӯз ба назар гирифта, маводи заруриро пешакӣ харидорӣ намоянд.
Бозорҳо фаъолияти худро аз 10-уми сентябр аз нав оғоз мекунанд.