Сарояндагони тоҷик на танҳо дар соҳаи мусиқӣ муваффақанд, балки онҳо дар ҷодаи соҳибкорӣ низ ба дастовардҳои зиёд ноил гардидаанд. Онҳо бо таъсиси бренди худ миёни мухлисони дохилу хориҷ бори дигар маҳбубият пайдо кардаанд. Ин навбат мо ба шумо - хонандагони азизи сомонаи Oila.tj аз фаъолияти сарояндагони соҳиббренд маълумот медиҳем.
Атриёти Шабнами Сурайё - "Shabnam Surayo Exclusive Perfume"
Соли 2020 сарояндаи маъруфи тоҷик Шабнами Сурайё бренди атриётии худро бо номи "Shabnam Surayo Exclusive Perfume" таъсис дод. Атриёти мазкур бо истифода аз таҷрибаи мутахассисони парфюмерӣ аз давлатҳои Олмон ва Фаронса таҳия шудааст. Ин ҳамкорӣ дар доираи шарикии стратегӣ бо ширкати MINO Handels GmbH, воқеъ дар шаҳри Берлин, Олмон сурат гирифтааст. Фурӯши маҳсулот асосан ба тариқи онлайн аст ва он ба шунавандагон ва дӯстдорони бренди Шабнам дар тамоми гӯшаи ҷаҳон дастрас аст. Шабнами Сурайё борҳо атриёти худро акс гирифта, дар саҳифаҳояш ҷой кардааст.
Косметикаҳои "MERU" аз Меҳрнигори Рустам
Меҳрнигори Рустам, сарояндаи ҷавони тоҷик бренди косметикии худро бо номи "MERU" таъсис дод. Ин бренд алҳол фаъолияташро оғоз намудааст. Маҳсулоти он табиӣ буда, як қадами дигар барои рушди маҳсулоти ватанӣ мебошад. Меҳринигори Рустам низ борҳо маҳсулоти худро тариқи саҳифаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ кардааст. Ба гуфти сароянда, маҳсулот табиӣ буда, ба саломатӣ муфид мебошад.
"ZUZU BEAUTY" - бренди Зулайхо Маҳмадшоева
Зулайхo Маҳмадшоева, ки бо тахаллуси Zuzu шуҳрат ёфтааст, аз сарояндагони шинохтаи тоҷик мебошад. Ӯ соли 2024 бренди косметикии худро таҳти номи ZUZU BEAUTY таъсис дод. Миссияи асосии бренд пешниҳод кардани маҳсулоти косметикии баландсифат ва барои бонувони тоҷик дастрас мебошад. Дар суҳбате Зулайҳo Маҳмадшоева таъкид кардааст, ки мехоҳад ҳар зан дар Тоҷикистон имконияти нигоҳубини пӯсти хуб ва солим дошта бошад.
Зулайхо Маҳмадшоева дар мусоҳиба бо “WE Project” гуфтааст, ки ҳадаф аз таъсиси бренд косметикаи дастрасу аълосифат мебошад.
Абдуғаффор ШОДИЕВ