sebiston july new
БТЕ ПУЛША, ФРОРША! Моҷарои ронандаю пулчинаки маршруткаи №8 бо мусофирон
4569

“АПА, КОРИ МОРА НОЛ КАРДӢ НЕКЕ...БТЕ ПУЛША, ФРОРША!”

Ин суханони ронанда ва пулчини хатсайри 8, ки таҳти рақами 7273 ТТ 05 фаъолият дорад, мебошад. Ин ронандаро ман аз овози баланд ва ҳамеша ҳангоми ҳаракат дар роҳ бо телефон гап заданаш хеле хуб мешиносам, зеро чунин рафторашро борҳо мушоҳида карда будам. Ростӣ, то ин дам ба хотири норасоии нақлиёт ва махсусан субҳу шом душвор будани таъмини аҳолии шаҳр бо нақлиёти мусофиркашонӣ ба лаб муҳри хомӯшӣ зада мегаштам, вале ин ронанда бо пулчинакаш аз ҳад гузаронда, маро маҷбур ба навиштани ин сатрҳо кард...

Аз соли 2002 дар шаҳр кору зиндагӣ мекунам ва 7 сол мешавад, ки ҳамарӯза аз хатсайри 8 истифода мебарам. Ҳамеша кӯшиш мекардам, ки аз субҳ асабамро вайрон накунам ва аз ҳамин хотир дағалии ронандагону пулчинакҳоро бо мусофирон нодида мегирифтам, вале...

Ростӣ ман ронандаҳоро хуб дарк мекунам, чунки кори онҳо мушкил буда, ҳамрӯза бо садҳо мусофир рӯ ба рӯ мешаванд, аммо рафтори як ронандаи худхоҳ, ки ба қавле "худаш шоҳу таъбаш вазир" буда, қариб ҳар рӯз бо чанд мусофир ҷангу ҷанҷол ва дили ҳамаро сиёҳ мекунад, оқибат косаи сабрамро лабрез намуд ва қарор додам, ки амалу рафторашро фош созам, то ки масъулони хадамот огоҳӣ ёфта, минбаъд таноби чунин ронандагони баддаҳонро камтар кашанд.

Ин субҳ низ мисли ҳаррӯза духтарчаамро ба боғчаи бачагона бурда, сипас ба хатсайри  №8 савор шудам. Аввал ҷойи холӣ ёфта нишастам, вале баъд ду зани калонсол савор шуданд ва ман аз рӯйи одоби тоҷикона ҷоямро ба яке аз онҳо дода, рост истодам. Кондуктор бо дидани ин манзара омирона гуфт: “Биё иҷада бе, уҷа ҷои мардакоай иҷаш барои занако. ”Ростӣ худро ношунида вонамуд кардам, зеро ин рафторам сабаб дошт ва дар он ҷое, ки барои занҳо интихоб кардаанд, чандин борҳо будам. Занҳоро чунон бор мекунанд, ки гӯё “қутиҳоро” қабат ба қабат ҷой мекарда бошанд. Пулчинак гапашро такрор кард. Дар ҷавоб гуфтам, ки ин ҷо бароям беҳтар аст.

Ҳамин тавр кондуктор ба ман часпид ва сари ҳар қадам одам гирифта, гаштаву баргашта мегуфт: “ҳе хола бгзар мегум пеши занако, мо одам гирем охи...”
Як- ду маротиба бо оромӣ гуфтам, ки аввалаш ҷой нест, дигар куҷо мегузаранд, баъдан, агар касе мехоҳад гузарад, марҳамат гузаштан гирад, ман чӣ монеагӣ кардам, барои мусофирони шумо...
Дар истгоҳҳои навбатӣ боз чанд нафари дигарро ба мошине, ки лабрези мусофирон буд, савор карда, пулчинак дағалона дод зад:
“Апа кори мора нол карди некӣ, дар ҳаму мобайн истодӣ, ман уҷада боз чанд одам мегирифтум...”
Ман ҳанӯз лаб ба сухан накушода ронанда бо овози баланду дағал амр кард: "БТЕ ПУЛША ФРОРША...”
Зани миёнасоле, ки дар наздикии ман менишаст, вокуниш нишон дода гуфт, ки чӣ ин қадар ба ҳамин зан мерасед, охир ҷой нест дар ин ҷо, куҷо гузарад бечора. Барои чӣ ҳамаро болои ҳам бор мекунед...
Тақрибан 5 дақиқа нагузашта буд, ки ронандаю пулчинак боз ба як мусофири дигар часпиданд. “Ту боло намегузарӣ, ту роҳро маҳкам кардӣ, мо туро бор кардем, акнун дигаронро нагирем, пур буд ту шиштӣ ку...”
Мусофир аз худ дифоъ карда, фаҳмониданӣ мешуд, вале ронанда ба ӯ имкони гапзанӣ надода, ҳамоно бо овози баланд дод мезаду дод мезад. Кор то ҷое расид, ки ҳама мусофирон овоз бароварданд, чунки косаи сабри мардум лабрез шуда буд.
Пештар роҳкиро 1,50 дирам буд ва ронандагон бо баҳонаи он ки хароҷоташонро пӯшонида наметавонанд, мусофиронро мисли халтаҳои орд рӯ ба рӯ бор кардан мегирифтанд, вале нархи роҳкиро қариб як баробар баланд шуда, ба 2, 50 дирам расид, пас чаро то ҳол вазъият ҳамон гунае, ки буд, боқӣ мондааст?!
Боварии комил дорам, ки роҳкиро 10 сомонӣ шавад ҳам, ронандагони баднафс боз мусофиронро рӯ ба рӯ бор кардан мегиранд, зеро чашми онҳо ҳаргиз сер намешавад.

Рафтори дағалонаи ронандагон ва пулчинакҳо бо мусофирон бисёр нигаронкунанда аст. Кӣ дар пушти чунин ронандаву пулчинакҳои худхоҳ меистад, ки ҳуқуқҳои мусофиронро ин қадар дағалона поймол мекунанд?!
Масъулинро месазад, ки ҷилави чунин ронандаву пулчинакҳоро кашида ба онҳо шеваи муносибат бо мусофиронро ёд диҳанд!


Маҳинаи Давлат

"Хабарнигор"

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД