sebiston july new
Буққа дар хоб бало аст ё давлату сарват?
1388


Чанд шаб боз дар хобам маро як буққаи калони сиёҳ думболагирӣ мекунад ва аз тарс дар обу арақ тар шуда, додгӯён бедор мешавам.

Хобамро ба модарам нақл кунам, мегӯянд, ки буққа дар хоб бало аст ва фавран бояд худамро дуохонӣ кунам, вале ростӣ ман ба ин гапҳо чандон бовар надорам. Аз ҳамин сабаб ба шумо муроҷиат намудам, то бигӯед, ки гов ва буққаро хоб дидан чӣ таъбир дорад?

Сафаралӣ, сокини ноҳияи Хуросон

Посух

Аксарият бар он андешаанд, ки дидани гов, хоса буққа дар хоб чандон фоли нек нест ва ба бало ё фалокатҳое ишорат мекунад, ки ба сари шахси хобдида омада метавонанд. Аммо таъбиргарони машҳур дар китобҳои хобнома ин андешаро рад карда, мегӯянд хоб дидани гов ва буққа баръакс хуб аст.

Дар хобномаҳо омадааст, ки дидани буққа дар хоб рамзи қудрат ва бузургист. Мард хоб бинад, ки чӯпон шудаасту як галаи калони гову буққаро дар ихтиёраш гузоштаанд , бахт ба рӯяш хандида, соҳиби мансаб ё вазифаи баланде мегардад ва шумораи зердастонаш зиёд мешавад.

Савор шудан ба буққа дар хоб рамзи бою бадавлат ва сарватманд шудан будааст. Маос задани буққа дар хоб аз он далолат медиҳад, ки шахси хобдида ба наздикӣ ба ягон кишвари дур ба сафар меравад. Ин хоб ҳамчунин метавонад як навъ огоҳӣ аз сар задани ҷангу ҷанҷол дар оилаи шахси хобдида низ бошад.

Аммо дар зери пойи буққа мондан ва ё шахсро шох задани гов дар хоб чандон нишонаи хуб нест. Кас хоб бубинад, ки ӯро буққа задааст, аз ин дунё рахти сафар мебандад ва ё мусибати дигаре бар сараш меояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД