Сарояндаи ҷавону умедбахши тоҷик Фараҳноз Шарипова ин ҳафта Ютубро ба ларза оварад. Ин бонуи зебо бо “Булҳавас”-аш ҳазорон нафарро ошиқи шайдо гардонд.
“Булҳавас” унвони таронаи нави Фараҳноз Шарипова мебошад, ки “Суруш-медиа” онро манзури мухлисони савту наво гардонидааст. Ин суруди ошиқонаро дар 1 шабонарӯз зиёда аз 300 ҳазор нафар тамошо карда, ба он баҳои хеле баланд додаанд.
Ёдовар мешавем, ки “Булҳавас” дар продюссерии Парвиз Ашӯров аз ҷониби “Суруш медиа” сабт шуда, шумораи мухлисони Фараҳнозро боз ҳам бештар гардонд.
Мо ба Фараҳноз Шарипова дар корҳои эҷодиаш барору бурдбориҳо хоста, умед дорем, ки ин сарояндаи умедбахш дар оянда таронаҳои боз ҳам баландпарвозтар эҷод хоҳад кард.