Oila Navruz
Буриши қайсарӣ бо корди хоҷагӣ
1276

 

Як сокини ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғдро барои қатли ҳамсараш 20 сол равонаи зиндон карданд, хабар додаст, Додситонии кулли Тоҷикистон.

Ҷангазиев Ваҳобҷон  санаи 14 январи соли 2021 дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар ноҳияи Б. Ғафуров, деҳоти Чашмасор ҳамасари ҳомилаашро  худсарона буриши қайсарӣ (Кесаревосечение ) кардааст, ки дар натиҷаи он ҳам кӯдак ва ҳам зан вафот кардаанд.

“Ҷангазиев Ваҳобҷон ҳангоми ҳомиладории 39 ҳафтаина будани  ҳамсараш  Дӯстматова М.Ҳ, ки  ба дарди шадиди бачадону шикам гирифтор мегардад, аз з ӯ ёрии таъҷилӣ мехоҳад, ӯро бо зудӣ ба  таваллудхона набурда, қасди шахсан бо роҳи ҷарроҳӣ таваллуд кунонидан намудан намудааст. Ҳол он ки ӯ медонист, ки кирдораш  барои ҳаёти ҳамсару кӯдак хавфнок аст ва эҳтимоли зиёд вуҷуд дошт, ки аз ҷарроҳии ғайриихтисосии ӯ ҳамсар ва кӯдак мефавтад, тахминан 04:20 дақиқа бо корди хоҷагӣ шиками  ӯро бурида кӯдак ва бачадонро, ки узви ҳаётан муҳим ба ҳисоб меравад, ба берун мебарорад ва мебинад, ки кӯдак дар бачадон мурдааст, аммо баъд барои  наҷот додани ҳаёти ҳамсараш чораандешӣ карда натавониста ҳамсараш вафот менамояд”, – менависад Додситонии кулл.

Бо ҳукми суди вилояти Суғд, Ҷангазиев В.Н. бо моддаи 104 қисми 2 банди “д”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои куштори зани  ҳомиладор муқаррар менамояд, гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии  дорои низоми сахт таъин карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД