goodwell
Чалпак бо ҳасиб
23.08.2026
Oila.tj
42

Маҳсулоти лозима:

3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.

Тарзи таҳия:

Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ ва ҳасибро майда реза карда, ба омехта илова намоед. Панирро аз турбтарош гузаронида, ҳамроҳи равғани офтобпараст ба хамир андозед ва ҳамаашро хуб омехта кунед. Дар тобаи тафсон аз ду тараф то сурхчаи тиллоранг шудан, тақрибан 2–3-дақиқагӣ пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД