goodwell
Чаро баъзе занони босавод даст ба худкушӣ мезананд?
18.08.2026
Оила
127

Ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ дар вилояти Суғд нисбат ба соли гузашта зиёд шудааст.

Дар ин бора Хуршеда Хоҷазода, сардори Раёсати кор бо оила ва занон дар вилояти Суғд маълумот дода, гуфтааст, ки натанҳо занони бесавод ва дорои шароити вазнин, балки баъзан бонувони соҳибмаълумот ва мутахассис, ки имконоти хуби зиндагиро доро ҳастанд, даст ба худкушӣ мезананд.

Ба қавли сардори Раёсати кор бо занон, тӯли 6 моҳи сори равон дар вилояти Суғд 44 ҳодисаи худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ аз ҷониби занон рӯй додааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта як адад бештар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД