toyota motors
Чаро бемориҳои рӯҳӣ дар баҳор авҷ мегиранд?
12.04.2026
Oila.tj
45

Дар моҳи апрел аксарияти одамон ба депрессия гирифтор мешаванд. Ин давра махсусан барои шахсоне, ки ба ягон бемории рӯҳӣ гирифтор ҳастанд, давраи нозук аст, зеро маъмулан дар моҳи апрел касалиҳои рӯҳӣ якбора авҷ мегиранд. Сабаби хуруҷи бемориҳои рӯҳиро табибон ба вайрон шудани соати биологӣ ва тағйирёбии реҷаи рушноӣ рабт медиҳанд.

Агар шахс худ ба худ якбора аз зиндагӣ дилсард гашта, дасташ ба ягон кор пеш наравад, ба худ ва аҳли оиааш бе сабаб бо назари танқидӣ нигариста, аз атрофиён канораҷӯӣ намояд, хоболуд ва хаёлӣ шуда, ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор гардад, ӯро бе назорат гузоштан лозим нест, зеро ин нишонаҳо аз хуруҷи бемории рӯҳӣ дарак медиҳанд.

Чӣ бояд кард?

Табибон тавсия медиҳанд, ки дар моҳи апрел нисбат ба дигар моҳҳо як соат пештар аз вақти муқаррарӣ хоб равед. Рӯзона бештари вақти худро дар берун гузаронида, аз ҳавои тоза нафас кашед ва машқ кунед. Агар хастагии рӯҳию равонӣ (хроническая усталость) дошта бошад, беҳтараш як ҳафта аз кор ҷавоб гирифта, танҳо истироҳат кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД