formula
Чаро Беҳрӯз солҳои зиёд сукут кард?
498



Суҳбат бо ҳунарманди хушсадо Беҳрӯз Мирзоев
Бо садои хушнавози ҳунарманди маъруф Беҳрӯз Мирзоев дар дохилу хориҷи кишвар шиносанд.

Ӯ се сол пеш пас аз солҳои тӯлонии фаъолият сукут кард, дигар суруд нахонд ва ҳазорҳо мухлисашро бе сурудҳои нав гузошт. Акнун, Беҳрӯз боз рӯи саҳна аст, зеро сукути сесоларо шикаст ва пайи навгонии ҷиддӣ аст.

Мо бо Беҳрӯз Мирзоев бобати сукут ва шикастани он, тавлиди таронаҳо, чӣ гуна будани ҳунарманди асил, дарду ғаму танҳоӣ ва эҷодкор, нақшаҳои эҷодӣ ва ғайраҳо суҳбат кардем.

Ба наздикӣ суруди нави шумо бо номи “Чаро” нашр шуд. Дар он мисраи “Манам танҳояму пур аз ғамҳо” ҷой дорад. Оё ин суруд ба ҳаёти шахсиатон рабт дорад?

Суруди мазкур бозгӯяндаи ҳаёти шахсиам нест, балки аз дарду доғи нафарони ғуссадору ғамдида аст. Ба афроде бахшида мешавад, ки ҳоло дар санҷишҳои мушкили Худованд қарор доранд, аз ҷумла ба зарардидагони ҷангу кушторҳои чанд вақти охир. Ҳамин ҳодисаҳои охирро ба назар гирифта, бо шоир Фурқати Низом матнро офаридем.

- Оё ҳаёти ҳунарманд метавонад аз эҷодиёташ ба куллӣ ҷудо бошад ва ҳеҷ дахле надошта бошад?

Агар ҳунарманд аз дил насарояд, ӯ соҳибкасби асил нест. Ҳар эҷодкор аз рӯзгори худаш қиссаҳои зиёд мехонад ё ҳадди ақал дар дохили маҳсулаш порае аз ҳаёти худашро ҷой медиҳад. Дар навбати худ, ман мехоҳам дар сурудҳоям аз рӯзгорам чизе набошад, вале хоҳ нохоҳ пораҳое пайдо мешаванд.

Як суруди шумо чӣ гуна тавлид мешавад? Яъне, чӣ гуна тасмим мегиред, ки бояд дар фалон мавзуъ таронае омода созед?

Сурудҳои ширину ғамангез ҳамгони сахт ғамгину ошуфтаҳол буданам тавлид мешаванд. Ман дар мавзуъҳое суруд эҷод мекунам, ки ё касе насуруда бошад ва ё ниҳоят кам истифода шуда бошанд. Барои мисол, ман чунин таронаҳо дорам: “Асалчашм”, “Асалбону”, “Нӯшофарин”, “Ҷашни таваллуд” ва ғайраҳо.

Шумо бо номи писаратон “Илёсҷон” таронае доред. Дар он чунин мисраъ аст: “Ай шаҳписарам, рӯзгори ману ту Юсуфу Яъқубвор эй азиз, ту худат бовари ман бош”. Бо ин мисраъ чӣ гуфтан мехоҳед?

На танҳо ин мисраъ,балки суруд саропо дарди ман аст. Ману модари Илёсҷон пас аз се соли зиндагӣ аз ҳам ҷудо шудем ва ҳамон вақт яке аз мушкилтарин лаҳзаҳои зиндагии ман буд, зеро аз дидорбинӣ бо писарам маҳрумам карда буданд. Дардамро ба Шоираи Раҳимҷон қисса кардам ва он кас матнро офариданд. Шукр, ки дар эҷодиёти ман апаи Шоира ва Фурқат ҳастанд, зеро ҳар мавзӯе гуям, менависанд.

- Ҳунарманд дар ҷомеа кадом миссияро иҷро мекунад?

- Ҳунарманд бояд намуна бошад. Чунон намунае, ки масъулияти ба ӯ садҳо нафар пайравӣ карданро ба уҳда гирифта тавонад. Албатта, миссияаш шод гардонидани дилҳо ва ба роҳи дуруст роҳнамоӣ кардан аст. Мо бо суруд аз дард, аз шодӣ, аз мушкилӣ, аз пешравӣ ва ғайраҳо мегӯем ва мехоҳем ғамҳо дур бошанду ҳамеша бо ханда бошем, мушкилиҳо ҳал шаванду пешравиҳо афзун.
- Солҳои зиёд аст, ки рӯйи саҳна ҳастед, аммо як муддат сукут доштед, чаро?
- Аз соли 2000 то 2020 якмаром рӯйи саҳна будам. Дар 20-солагии фаъолият албоми сурудҳоямро бо номи “Амонат” пешкаши мухлисон намудам ва аз хастагии зиёд сукут кардам. Албатта, сукут бо нияте, ки дигар онро намешиканам. Ростӣ, аз кӯдакӣ “невроз” дорам ва гоҳ-гоҳ аз худ бехуд мешавам ва тано будан мехоҳам.
- Чӣ сабаб шуд, ки сукут кунед ва чӣ сабаб шуд, ки сукутро бишканед?
- Сабаби асосии сукут карданам хастагӣ ва дилхунукӣ буд. Тӯли солҳое, ки фаъолият мекардам, ҳатто даромади хуб надоштам, балки дар хизмат будем фақат. Се соле, ки дар саҳна набудам, ҳамон дӯстону ёрону ҳамқадамон дар чашм наменамуданд, зеро нодаркор шуда будам барояшон. Ва сабаби сукутро шикастанам фарёду фиғони дил аст. Чун вақтҳои охир қариб ҳар рӯз дар сарам оҳанги нав меҷӯшид ва ба худ гуфтам, ки хомушӣ бас аст, зеро ман барои ҳамин кор таваллуд шудаам.
- Усули сурудхонии шумо бисёр ҷолиб аст ва аз дигарон ба куллӣ фарқ мекунад. Чӣ гуна қарор додед, ки бояд ба чунин равиш тарона бихонед ва оё ба касе тақлид мекунед?
- Вақте ки аввалин бор суруди “Интизорам набош”-ро ба Шоираи Раҳимҷон равон кардам, гуфтанд: “Ваҳ, браво! Бо ин гуна садо бояд аз тамоми сарояндагон куллан фарқ кунӣ!” ва бо ҳамин ният корро шурӯъ кардам.

- Шумо дар як мусоҳибаатон гуфтед, ки мухлиси аввалин ва ашадиатон равоншод падаратон буд, ӯ аз сурудхонии шумо ифтихор дошт. Оё шумо ҳам фахр мекунед ки ӯ мухлисатон буд?
- Падарам, қиблагоҳам, Худораҳматӣ мухлис не, супермухлис буданд. Волидонам ҳамеша ва аввалин шуда, сурудҳои навамро интизор мешуданд ва ҳамеша миёни ёру рафиқон бо ифтихор номи маро мегирифтанд. Ман ҳам дар навбат худ аз доштани чунин падар ифтихор мекардаму мекунам. Ӯ барои ман намурдааст.
- Чанд моҳи охир шумо хеле фаъол шудед, оё Беҳрӯз Мирзоеви чанд сол қаблро баргардониданиед?
- Шояд...
- Ҳис мекунед, ки дар кишвар ва берун аз он шуморо гӯш мекунанд, дӯст медоранд ва таронаҳои наватонро интизоранд?
- Ҳис мекунам, зеро шукри Худо аз гӯшаву канори дунё менависанд, гӯш мекунанд ва интизори навигариҳои мо ҳастанд. Барои мисол, агар имрӯз пораи як суруди навамро дар Инстаграм гузорам, боз пагоҳ менависанд, ки ягон суруди нав нест? Шукр, таваҷҷуҳ нисбат ба эҷодиёти ман зиёд аст.
- Чӣ нақшаҳои эҷодӣ доред?
- Нақшаҳо зиёданд, аммо сетояш асосиянд ҳоло. Якум, албоми таронаҳоямро бо номи “24 соат” дар сатҳи олӣ пешниҳоди ҳаводоронам кардан. Дуюм, баҳор ё тобистон ташкили консерт бо овози зинда барои мухлисони гурӯҳи “Анис”. Сеюм, ташкили маҷмӯи консертҳо дар гӯшаву канори дунё.
- Ташаккур барои суҳбат.
- Саломат бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД