arzon replenishment
Чаро дар бозор инсофро бо микроскоп кобӣ ҳам, намеёбӣ?
750

 

Масъалаи болоравии нарху наво дар бозорҳои кишварамон вақтҳои охир ба як масъалаи доғ табдил ёфта бошад ҳам, то ба имрӯз ҳеҷ нест, ки ҳалли худро ёбад.

Масъулин мудом ба мардум ваъда медиҳанд, ки албатта нарху навои молу маҳсулотро назорат хоҳад кард, вале тавре, ки ҳар рӯз дар бозрҳо бо чашми сар мебинем, туттанҳо ба табъи дили тоҷирон пухта, маҳсулоташонро бо кадом нархе, ки хоҳанд, фурӯхтан мегиранд. Табъи соҳибкорон шоҳу худашон вазир аст ва молеро, ки имрӯз 10 сомонӣ арзиш дошт, пагоҳ метавонанд мемалол ба 20-30 сомонӣ фурӯшанд. Аз гашничфурӯши бозор сар карда, то соҳибони минимаркету супурмаркет як баҳона доранд-қурби доллар баланд шуд, барои ҳамин маҷбурем, ки нархи маҳсулотро баланд бардорем. Шояд дар ҳақиқат газу бензинро бо доллуру рубли русӣ аз хориҷи кишвар меоранду боло рафтани қурби ин пулҳо ба нархи маҳсулот таъсир расонад, вале охир қурби доллару рубл ба тарбузу харбуза ва картошкаву пиёз барин маҳсулоти полезӣ, ки дар заминҳои худамон мерӯяд, чи дахл дорад?!


Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода:

Дар тиҷорат шарти аввал инсоф аст, аммо...
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, роҳбари Шӯрои уламои дини вилояти Суғд дар робитаи ба масъалаи тиҷорату тоҷирон гуфт:
-Аз нигоҳи дини мубини Ислом дар тиҷорат шарти аввал Инсоф аст. Ҳар тоҷире, ки аз вазъият суйистифода бурда, борро дидаю дониста қимат мекунад ва ба халқ зарар мерасонад, гунаҳгор мешавад. Тоҷир, агар маводи хӯрокаро ҷамъ карда, гӯяд, ки кай қимат шавад, баъд мефурӯшам,аллакай ҳамин нияташ ӯр гунаҳкор месозад, вале имрӯз мутассифона шарти асосии тиҷорат- ИНСОФ дар аксари мавридҳо аз ҷониби соҳибкорон мадди назар мешавад.
“Ҳар айб ки ҳаст дар мусалмонии мост”
Тоҷирон дар бештари маврид танҳо ба хотири ба фурӯш рафтани молашн савганди бардуруғ мехӯранд ва боз аз диндорию инсоф лоф мезананд. Дар китоби муқаддаси Қуръон ва ҳадисҳои паёмбари ислом таъкид шудааст, ки шарти асосии тиҷорат инсоф аст ва инсоф дар кори савдо ба тоҷир барору баракат меорад. Мусалмонони асилу худотарс баракати бозорро маҳз аз инсоф медонанд, аммо дар ҷомеаи имрӯзаи мо на ҳама дар фикри инсф ва адолат дар тиҷорат ҳастанд.
Шариати исломӣ ҳамеша адлу инсоф, ростию раҳм, хайру эҳсон, некию сахо ва сарфаю сариштакориро талқин менамояд, аммо баъзе аз соҳибкорони мо, ки ҳоҷиҳои 4-5 карата ҳастанд, ба истилоҳи исломӣ "эҳтикор"ҳастанд, яъне инсофро дар тиҷрат риоя намекунанд. Дар ҳадисе Паёмбари Ислом мегӯяд: "Ҷуз хиёнаткорон, касе эҳтикор намекунад", "Ба ҷуз гунаҳкорон касе ба эҳтикор даст намезанад", "Муҳтакир малъун (лаънатшуда) аст", "Касе, ки дар бозори мо даст ба эҳтикор занад, ба манзалаи касест, ки китоби Худоро инкор кардааст", "Ҳар кас хӯрокеро бар уммати ман чил рӯз эҳтикор кунад, агар ҳамаи онро ҳам садақа диҳад, аз ӯ қабул намешавад".
Хулоса, ба ин маъниву мазмун таъкидҳо хеле зиёданд, вале эҳтикорӣ, яъне ба инсоф риоя накардани бисёре аз тоҷирон мутлақо ба назар мерасад. Масъалаи баланд бардоштани нарху наво дар ҳадисҳои Паёмбари Ислом ба таври қатъӣ таъкид гардида бошад ҳам, ба хотири пул ва даромад шуда, дидаву дониста идда еаз тоҷирони мо қонунҳои шариатро поймол мекунанд ва дидаву дониста нархи молу маҳсулоти худро боло бурда, ба мардум, яъне ба харидорон зиён мерасонанд.
“Каначию каначӣ-туро газад ба ман чӣ?”
Дар масъалаи болоравии нарху навои маҳсулоти ниёзи аввал ҳамеша мардуми одӣ норизоӣ мекунанд, аммо соҳибкорон ва “манаполистҳо” хуб медонанд, ки шикоят кунанд ҳам “сари кафида зери тоқӣ” гуфта ноилоҷ барои намурдан мехаранду мехӯранд. Масъулин ҳамеша ваъда медиҳанд, ки сари ба эътидол овардани нарх дар бозор корбариҳо рафта истодааст, аммо “сузишвории мошини онҳо то даромадгоҳи бозор тамом мешавад” ба фикрам, ки ба даруни бозор намедароянд, аз ҳамин сабаб ҳамеша нарху наво дар бозорҳои кишвар баҳсбарангез боқӣ мемонад. Имсол нархи як халта орди 50 кг дар бозорҳо қариб то ба 400 сомонӣ расид. Ин дар ҳолест, ки аксар оилаҳои тоҷик 6-7 нафар нонхур ва ҳамагӣ як муҳоҷири ноновар дорад. Дар ин ҳол инсофро бо “микроскоп” кобем, меёфта бошем?

Фируза редактор тсел, [08.09.2022 12:59]
“Болои сӯхта намакоб” гуфтагӣ барин, агар харидор аз гаронии нарх лаб кушояд, дарҳол фурӯшанда мегӯяд: “Ҳоло ин ҳеҷӣ не, қиматшавӣ дар пеш аст...қурби пулро дида истодаед- ку ҳар рӯз “бозӣ” кардос...”
Ҳайронам, маҳсулоти ватанӣ, ки дар бозорҳост ба доллару рубл чӣ алоқамандӣ дорад?!
Мақомоти дахлдор барои пешгирии болоравии нарху навои молу маҳсулоти ниёзи аввал чи кор карда истодаанд?! Шояд чашмони ман хира шудаву намебинам ё мақоли “серро чи парвои гурусна”-ро пайгирӣ намуда, онҳ парвои камбағал ва азоби рӯзгораш надоранд?! 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД