Arzon march 2024
Чаро муҳоҷиронро аз Русия ихроҷ мекунанд?
7588

Ҳодисаҳои ихроҷ ё “депортатсия” кардани муҳоҷирони меҳнатӣ аз Федератсияи Россия вақтҳои охир рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Аксаран худи муҳоҷирони меҳнатӣ сабаби аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ шуданашонро намедонанд. Барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ бояд дар бораи “депортатсия” ва сабабҳои он маълумот дошта бошад.

“Депортатсия”-ин амали ба таври маҷбурӣ ба мамлакати худаш баргардонидани шаҳрванди хориҷие мебошад, ки дар кишвари қабулкунанда зисту зиндагӣ карданаш барои мақомоти он кишвар чандон хушоянд нест.

Сабабҳои асосии аз қаламрави Россия “депортатсия”кардани муҳоҷирони меҳнатӣ инҳоянд:

  • Надоштани қайди муҳоҷиратӣ ё ба итмом расидани мӯҳлати он;
  • Машғул шудан бо фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ;
  • Истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё додани маълумоти бардурӯғ дар бораи шахсияти худ;
  • Вайрон кардани мӯҳлати буду бош дар Федератсияи Россия;
  • Надоштани суғуртаи тиббӣ;
  • Маълумот надодан дар бораи доштани иҷозатномаи муввақатии зист РВП ё иҷозати зист (вид на жительство) ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба мақомотҳои расмӣ;
  • Хушоянд набудани зисту зиндагии шахси хориҷӣ дар кишвар (нежелательность нахождения человека в РФ).

Муҳоҷирони меҳнатро метавонанд ҳамчунин бо сабаби гирифтор будан ба бемориҳои хавфноки сироятӣ аз қабили ВИЧ-СПИД, туберкулёз, гепатит, махсусан гепатити навъи С аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ намоянд. Шахсоне, ки ягон ҷиноят содир намуда, ба зиндон афтодаанд, баъди ба озодӣ баромадан ба таври фаврӣ аз қаламрави Федератсияи Россия “депортатсия” карда мешаванд.

Вақте ки муҳоҷири меҳнатиро дар асоси қонун аз Федератсияи Россия ихроҷ, яъне “депортатсия” мекунанд, шахси ихроҷшуда вазифадор аст, ки дар муддати 3 рӯз қаламрави ин кишварро тарк намояд. Дар сурати бекор шудани иҷозатномаи муввақатии зист (РВП) ва ё иҷозатномаи зист (вид на жительство) шахс бояд дар бадали 15 рӯз аз қаламрави Россия берун шавад.

Аз ҳамин хотир, мо ба шахсоне, ки нияти ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан доранд, тавсия медиҳем, ки қабл аз харидани чиптаи ҳавопаймо аввал фаҳманд, ки аз қаламрави Фадератсияи Россия ихроҷ, яъне “депортатсия” нашудаанд.

Маълумотро дар бораи ихроҷшудагон аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, аз сомонаи infomuhojir.tj ва аз сомонаи расмии Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Россия гирифтан мумкин аст.

Муҳоҷирони меҳнатие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд ва ба тозагӣ ихроҷ шудаанд, агар дилпур бошанд, ки ягон қонунро вайрон накардаанд ва ба ноҳақ “депортатсия” шудаанд, метавонанд дар муддати 10 шабонарӯз пас аз гирифтани нусхаи қарор дар бораи “депортатсия” шуданашон ба суд муроҷиат намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД