arzon replenishment
ЧАРО ҲОДИСАҲОИ НАНГИНИ ТАҶОВУЗ БА НОМУСИ ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ ТОҶИК МЕАФЗОЯД?
2961

Вақтҳои охир ҳодисаҳои нангини таҷовуз ба номуси занону духтарони тоҷик рӯз то рӯз афзуда истодаанд. Кор ба ҷое расидааст, ки акнун баъзе гургсиратони одамсурат ҳатто ба кӯдакони хурдсол бо чашми шаҳват нигариста, ба номуси духтарчаҳои 3 - сола, 5 - сола, 7 - сола бераҳмона дастдарозӣ менамоянд.

Ин падидаи нанговар натанҳо номи нек ва номусу шарафи занону духтарони мавриди таҷовуз ва зӯроварӣ қароргирифтаро доғдор намуда, онҳоро дар байни мардум як умр забонкӯтоҳу сархам месозад, балки ба номи миллат низ латма мезанад.

Суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт боз як ҷавони ба васвасаи шайтон гирифтор - Фараҳбахш Қурбонзодаро барои алоқаи ҷинсӣ бо духтари ноболиғ ба 3 соли зиндон маҳкум кард.

Тибқи иттилои Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ Қурбонзода Фараҳбахш аввалҳои моҳи апрели соли равон як духтари ноболиғи 14 - соларо, ки дар хобгоҳи ҶСК “Нассоҷии тоҷик” (Текстил) ҳамроҳи волидайнаш зиндагӣ мекард, таҷовуз намудааст. Фараҳбахш ноболиғро ба даруни айвонхонаи назди баромадгоҳи ошёнаи 2 - юм, ки ҷойи торик аст, дароварда, бо номбурда алоқаи ҷинсӣ намудааст. Кирдори зишти ин ҷавони 20 - сола дар оғоз аз назар пинҳон мемонад ва Фарахбахш ба амали шайтонии худ идома дода, рӯзи 3 - июн бори дигар он духтараки ноболиғро ба ба ҳуҷраи хобаш дароварда, ҳамроҳаш ба таври ғайритабиӣ алоқаи ҷинсӣ намуда, нафси шаҳвонии худро қонеъ месозад.

Суди ноҳияи Шоҳмансур Фараҳбахш Қурбонзодаро бар асоси моддаи 141 қисми 1 - и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ, таъин кардааст.

Ҳамагӣ 3 сол ҷазо барои таҷовуз ба номуси як духтари ноболиғ?! Ҷавони гургсирате, ки ҳаёти як духтараки 14 - соларо барбод дода, номи неки волидон ва аҳли авлоди ӯро, гузашта аз ин номи миллати тоҷикро бо ин амали нангинаш доғдор намудааст, ҳамагӣ 3 сол пушти панҷара нишаста, ба озодӣ мебарояд? Кӣ кафолат медиҳад, ки баъди ба озодӣ баромадан ин шогирди шайтон боз ба амали нангинаш идома дода, ҳаёти чанд духтари дигарро барбод намедиҳад?!

Ростӣ, барои мо хеле ҳайратовар аст. Охир, чаро баъзан ҳомиёни қонун барои дуздии як телефони мобилӣ ва ё ҷинояти кӯчаки дигар инсонеро солҳои тӯлонӣ ба пушти панҷараи зиндон мешинонад, аммо афроде, ки ҷиноятҳои хеле вазнинро содир менамоянд, ҳамагӣ ба 2 - 3 соли зиндон маҳкум мешаванд ва баъзан ҳатто ним сол ҳам дар маҳбас нанишаста бо шарофати “амнистия” ба озодӣ мебароянд?! Магар яке аз сабабҳои афзудани ҷинояту ҷинояткорӣ ҳамин нест?

Ду ҳафта қабл дар тамоми сомонаҳои интернетӣ шикояти як мӯйсафед аз шаҳри Турсунзода пайдо шуда, ҳамаро ба даҳшат афканда буд. Ин бобои ҷигарсӯхта аз он шиква мекард, ки амма ва амакаш бо роҳи зӯрӣ ба узви занонаи набераи 3-солааш М, сабзии калонеро ворид карда, кӯдакро қариб то дами марг расонидаанд, вале нисбати афроде, ки чунин амали ваҳшиёнаро нисбати кӯдаки бегуноҳ раво дидаанд, аз ҷониби мақомот ягон чора андешида нашудааст. Хушбахтона, арзи ин мӯйсафед то ба гӯши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ расида, ин парвандаро зери назорат гирифту гунаҳкорон дастгир карда шуданд.

Саволе ба миён меояд, агар мӯйсафед арз намекард ва агар арзу додаш ба гӯши раиси шаҳри Душанбе намерасид, он гоҳ чӣ мешуд? Гунаҳкорон ҳамчунон дар озодӣ мегаштанд ва ё худро ба девонагӣ зада, аз ҷазо эмин мемонданд?!

Ба назари мо таҷовуз ба номус ҷинояти вазнинест, ки ҳукмаш бояд ҳатто аз ҳукми афроде, ки даст ба куштор задаанд, сангинтар бошад. Чаро?

Якум: Албатта ҳаёт қимматтарин ганҷи инсон аст ва касе ҳаққи аз зиндагӣ маҳрум сохтани нафари дигарро надорад, вале худатон як андеша кунед, бо марг ҳама чиз поён меёбад, аммо шахсе, ки мавриди таҷовуз ва зӯроварӣ қарор гирифтааст, бояд бо ин доғ зиндагӣ кунад. Ин доғи нангин ҳаргиз аз рӯйи номи он зан ё духтари бечора зудуда намешавад.  

Дуюм: Зан ё духтари таҷовузшуда аз ин амали тақдирсӯз натанҳо зарари ҷисмонӣ мебинад, балки зарбаи сахти рӯҳию равонӣ низ мегирад. Иддае аз занону духтарони мавриди таҷовуз қарор гирифта ба ин таҳқир тоб наоварда, оқибат даст ба худкушӣ ё худсӯзӣ мезананд.

 

Сеюм: Духтаре, ки ба номусаш таҷовуз кардаанд, бадномзада мешавад ва минбаъд наметавонад мисли дигар ҳамҷинсонаш бо сари баланд ба шавҳар барояд. Аксари духтарони мавриди таҷовуз қарор гирифтаро волидонашон аз ночорӣ ба ягон марди зандида, занмурда ва ҳатто мӯйсафед ба шавҳар медиҳанд, то аз бори номус харос шаванд.

Чорум: Шахсе, ки ба номуси зан ё духтаре дастдарозӣ кардааст, натанҳо обрӯи он занро дар байни мардум мерезонад, балки тамоми хешу ақрабо ва аҳли авлоди ӯро шармандаю шармсор месозад. 

Панҷум: Таҷовузкор бо ин амали зишташ бар замми бадном кардани як зан бо аҳли авлодаш ҳамчунин номи миллатро низ доғдор месозад. 

Пас оё 3 соли маҳбас барои таҷовуз ба номус ва он ҳам ба номуси як духтари ноболиғ кифоя аст?!

Кӣ кафолат медиҳад, ки он ҷавонмарди ваҳшисират баъди ба озодӣ баромадан ин амали нангини худро дубораю себора такрор карда, боз чанд зану духтари дигари тоҷикро бадномзадаю сархам ва шармандаю сиёҳбахт намесозад?! 

Магар мо метавонем бо ин ҳол пеши роҳи ҳодисаҳои нанговари таҷовуз ба номуси занону духтарони тоҷик ва кӯдакони ноболиғро бигирем? Шумо чӣ мегӯед?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД