formula55
ЧАРО ШАБИ МЕЪРОҶ НАМОЗ МЕГУЗОРАНД?
04.04.2021
ОИЛА
2635

 

Исро ва Меъроҷ - сафари шабона ва боло рафтан аст. Ин сафари шабонаи Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с) аз Масҷидулҳаром ба Масҷиди Ақсо ва баромадани ӯ ба осмон мебошад.

Исро  маънои ба шаб бурдан ва шабона сайр додан ва дар фарҳанги динӣ сафари шабонае, ки Худованд дар он Паёмбари акрам (с)-ро аз Масҷидулҳароми Макка ба Масҷиди Ақсои Байтулмуқаддас бурд, то аз оёти Худ ба ӯ нишон диҳад ва заминае барои меъроҷи он Ҳазрат (с) ба осмонҳо бошад.

Ба фармудаи Қуръон, Худои таъоло шабе Паёмбар (с)-ро аз Масҷидулҳаром ба Масҷидулақсо овард ва ин ҳодиса дар таърихи Ислом ба номи «Исро» маъруф аст: «Пок аст он Худое, ки бандаи худро шабона аз Масҷидулҳаром ба Масҷидулақсо бурд…» (сураи «Исро», ояти 1). Пас воқеаи Исро барои Паёмбар (с) бо Қуръон собит шудааст.

Ҳодисаи Исро ва Меъроҷ ҳарду дар як шаб ва пас аз бозгашти он Ҳазрат (с) аз Тоиф воқеъ шудаанд, вале миёни муаррихони исломӣ дар таъйини таърихи дақиқи вуқуъи он ихтилофи назар аст ва назди онҳо се қавли ба воқеъият наздиктар вуҷуд дорад.

Меъроҷи Паёмбар (с). Ҳодисаи Меъроҷ – ба осмон рафтани Паёмбар (с) дар ҳамон шаби Исро бо ҳадисҳои саҳеҳ собит шудааст. Пеш аз ҳиҷрат Худойи таъоло Паёмбари акрам (с)-ро ба ин сафари осмонӣ ва меъроҷи нуронӣ мушарраф гардонд, ки ҳеҷ касе аз паёмбарони пешин ба чунин манзалати олӣ ва мақоми бандагӣ дар боргоҳи Худованд сарфароз нагаштаанд. Ба ақидаи ҷумҳури аҳли суннат меъроҷи Паёмбар (с) бо ҷисму рӯҳ ва дар бедорӣ сурат гирифтааст.

Касе Меъроҷи Паёмбар (с)-ро, ки бо ривоятҳои саҳеҳи суннат собит шудааст, инкор намояд, бидъаткор ва гумроҳ мебошад, вале касе ҳодисаи Исроро, ки бо Китоб собит шудааст, инкор намояд, кофир мегардад.

          Паёмбари акрам (с) шабе ҳамроҳи Ҷабраил (а) савори маркабе ҳавогард ва тезсайр бо номи Буроқ ба сайри осмонҳо ва малакути Аъло баромад. Вай нахуст аз Масҷидулҳаром дар Макка ба Масҷидулақсо дар Байтулмуқаддас бурда шуд ва назди яке аз дарҳои ҳаёти масҷид – ҷое, ки баъдан дар он Масҷиди Буроқ бино гардид, лаҷоми Буроқро ба ҳалқае баст ва бо ҷамъи паёмбарони пешин ду ракъат намоз гузорид. Пас аз таваққуфи кӯтоҳе аз он ҷо ба сӯи осмонҳо бурда шуд ва дар ҳар осмоне бо тане аз паёмбарон дидор намуд, он гоҳ аз доираи ҳафт осмон боло ва ба назди Сидратулмунтаҳо расид, он ҷо ки Сидраро он чи Худо ба он доност, пӯшонида буд ва Ҷаннатулмаъво – яке аз манозили биҳиштӣ низ дар канори он воқеъ буда. Дар он мақом аз оёт ва нишонаҳои бузурги Парвардигораш дид  ва Худо ба бандааш ҳар чӣ мехост, ваҳй намуд, он гоҳ ӯро ба тамошои биҳишт ва манозилу неъматҳои аҳли он ва ба мушоҳадаи дӯзах ва аҳволу аҳволи аҳли он фиристод.

Пайғамбар (с) Худоро дар меъроҷ шунидааст

Дар шаби Меъроҷ Пайғамбарон (с) дар мақоми бузурги баромаданаш ба даргоҳи Аллоҳ таъоло рафта бе ягон восита ваҳйи илоҳиро шунидааст. Дар ин мақом ба ў се чиз ато гардид. 1. Ду ояти охирини сураи «Бақара»: «Пайғамбар ба он чӣ аз Парвардигораш ба сўи ў фуруд оварда шуд, бовар дошт ва мўъминон низ, ҳама ба Худо ва фариштагони Ў ва Китобҳои Ў ва пайғамбарони Ў имон оварданд. (Гуфтанд:) Миёни ҳеҷ касе аз пайғамбарони Ў фарқ намегузорем. Ва гуфтанд: «Шунидем ва фармонбардорӣ кардем. Эй Парвардигори мо, омурзиши Туро мехоҳем ва бозгашт ба сўи Ту аст».

 Дуюм, муждагонӣ ба духули ҷаннат барои касоне, ки ба Аллоҳ таъоло ширк наварзиданд. Савум, панҷ вақт намоз ҳамчун ҳадяи Меъроҷ мебошад.

Паёмбари акрам (с) пас аз анҷоми ин сафари осмонӣ боз ба Масҷидулақсо фуруд оварда ва аз он ҷо худи ҳамон шаб ба Макка баргашт. Он Ҳазрат (с) дар роҳ корвони тиҷорие аз Қурайшро дид, ки ба сӯи Макка дар роҳ буд ва субҳи он шаб хабари Меъроҷро ба мардуми Макка эълон намуд.

Ҳомидов Абдулвоҳид,

мутахассиси Раёсати фатво

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД