arzon november
Чаро Ситораи Кароматулло дар тӯйи арӯсӣ гиря кард?
18.06.2022
ОИЛА
554


Чанд рӯз қабл дар сомонаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он Ситораи Кароматулло дар як тӯйи арӯсӣ иштирок дорад.

Ҳангоми гуфтани сухани табрикотӣ сарояндаро гиря гулӯгир мекунаду гап зада наметавонад. Фаҳмидан мехоҳам, ки Ситора барои кӣ ашк рехту дар тӯйи арӯсии кӣ иштирок мекард?
Моҳбону

Посух

Шоми 25-уми майи соли равон дар тарабхонаи “Яккасарой” тӯйи арӯсии Нигора, хоҳари овзхони шинохта Ситораи Кароматулло баргузор гардид. Кӣ ва аз кадом оила будани домод маълум нест, вале тавре худи Ситора мегӯяд, хоҳараш барояш на танҳо хоҳар, балки фарзанд низ ба шумор мерафт. Аз ин рӯ, ҳангоми гуфтани сухани табрикотӣ сароянда ба эҳсосот дода шуда, ашк рехтааст.
Сафаргул Юсупова, Шабнами Тоҷиддин, Суруш ва Нигора Холовҳо, ҳамзамон худи Ситора базмро гарму рангин кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД