Formula september
Чашми шавҳарам ҳаром аст Қисми 2
1960

 

Аммам як дӯзанда доранд, ки дар хона омада, фармоиш қабул карда, баъд либосҳояшонро дӯхта меоранд. Ман низ аз хизмати ин бону истифода мекунам.

Як бегоҳ ҳамин зан барои гирифтани фармоиши навбатӣ ба хонаамон омад, ҳамроҳаш духтараки ҷавони зебое ҳам буд, ки бо мошини ӯ омада буданд. Бонуи духтараки ҳамроҳашро ба мо мизоҷам гӯён шинос кард, мо нав ошро кашида будем, аммаам ба нею нестони меҳмонон нигоҳ накарда, онҳоро ба сари миз шинонд. Шавҳарам аз рӯзҳои рӯз барвақт омада буду Худо ба вай дод. Бо нигоҳаш духтаракро мехӯрд, мелақиду мелақид…

Духтарак, ки донишгоҳро дар Маскав тамом карда, тарбияи русӣ доштааст, тарошаи аз бом афтидагӣ барин ба ман нигоҳ карда гуфт:

- Апа, лаҷоми шавҳаратонро кашед, барои чӣ шуморо писанд накарда, дар наздатон ба ман гаппартоӣ мекунад?!- Ман ба зӯр худамро дошта, бо табассум гуфтам:

-Ин кас меҳмондӯстдор…

-Намедонаму агар шавҳари ман ҳамин хел кунад, чунон адабашро медиҳам, ки…-шавҳарам ба ҷойи шарм доштан қоҳ-қоҳ хандида гуфт:

-Дар мо мард зӯр аст,- ва қилиқҳои хунукашро то рафтани меҳмонон идома дод. Пас аз рафтани меҳмонҳо, бори аввал дар ҳаётам ба шавҳарам гуфтам:

- Мардак, ақаллан дар ҳузури ман ҳамин коратонро накунед,-ӯ бо ҳамон хандаи баланди ғашовараш фарёд зад,- Э-э-э аз кулӯх ҳам оташ мепаридааст-ку?!

Чанд рӯз бо дили сиёҳ гаштам, охир шавҳарам маро дар назди занони ношинос таҳқир кард. Ҳамаи ин кам набуд, ки…

Ман ба хотири хафа нашудани падараму вайрон нашудани муносибаташ бо хоҳари ягонааш, сирамро аз аҳли хонадонамон панаҳ медорам. Аз ин рӯ, муносибати эшон ба аммаму шавҳарам олӣ аст… Апаам келин гирифт, аммаам рӯзи таваллуди писари калониям, аввали моҳи ноябр ӯро ба хонаамон талабид. Ростӣ, келини апаам духтараки ниҳоят зебо, хатмкардаи Донишгоҳи тиббӣ аст. Дар урфият мегӯянд, ки «Аҳволи саг ба соҳибаш маълум», ғайри ман касе нигоҳи ҳарому шаҳватангези шавҳарамро ба келини апаам эҳсос намекард. Баъди рафтани меҳмонон шавҳари аҳмақи ман шарм надошта гуфт:

- Ин духтараки хушрӯй, дар ҳамун ҷияни даҳанкандаи ту ҳайф шудааст. Боз духтур будааст, ана ҳамин хелаш бошад, маҳсат мекунад, ҳузур мекунӣ. Охир духтурҳо ҷойи ҷони мардакро медонанд.

Баъди чандин бор такрор намудани ҳамин суханҳо қаҳрам омаду гуфтам:

-Чаро ҷияни ман даҳанканда будааст? Ӯ низ духтур, соҳиби маълумоти олӣ, ҷавони қоматбаланди зебою доно аст. Худо хоҳад, баъди чанд сол соҳиби ҳама чиз мешавад, шумо айба намедонед, ки ба келини апаи ман чунин гапҳоро мезанед?- Шавҳарам ба ҷойи узр пурсидан, “аз бахилира кафида мур” гӯён, бо ман моҷаро бардошт. Косаи сабрам лабрез гашту ба унвонии «Оила», ки дар хонаи мо ҳама мухлисаш ҳастанд, мактуб навиштам, шояд шумо ба ман маслиҳат медиҳед, ки дар ин ҳолатҳо чӣ гуна рафтор намоям? Ман ҷавонзани зебою ҳунарманд ва хушандом ҳастам, маълумоти олӣ нагирифтанам сабаб дорад, зеро аммаам ду пояшро ба як мӯза тиқонида, маро келин гирифт. Гӯед бо шавҳари ғарам чӣ гуна рафтор намоям, ростӣ аз гапҳои ӯ ғашам меояд ва дилам ҳам аз ӯ хунук шудааст…

 Фарида

                                                                            Таснифи Рухсора Саид

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Беном 2023-05-17, 11:27
Салом ба кулли номаи Фаридаро хонда бетараф монда натавонистам. Фаридабону мумкин мо хамсол бошен ва Ман низ тачрибаи бой надорам аммо дар холати шумо гуфтан мехохам ки набояд шавхарам фели бад дорад гуфта шинед як бор Бо вай сухбат карда фахмед чаро ин тавр рафтор мекунад мумкин рашки шуморо овардан мехохад? Бисёртар Бо хам вакт гузаронед мехрубонтар бошед Бо у, ба худатон ахамият дода хар гуна ороиш кунед мудом ба шавхаратон мефорад намудхои махсро аз худ карда уро махз кунед то хастагиаш рафь гардад бовари дорам зиндагиатон тархи дигар мегирад боки хушбахт бошед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Беном 2023-05-17, 11:27
Салом ба кулли номаи Фаридаро хонда бетараф монда натавонистам. Фаридабону мумкин мо хамсол бошен ва Ман низ тачрибаи бой надорам аммо дар холати шумо гуфтан мехохам ки набояд шавхарам фели бад дорад гуфта шинед як бор Бо вай сухбат карда фахмед чаро ин тавр рафтор мекунад мумкин рашки шуморо овардан мехохад? Бисёртар Бо хам вакт гузаронед мехрубонтар бошед Бо у, ба худатон ахамият дода хар гуна ороиш кунед мудом ба шавхаратон мефорад намудхои махсро аз худ карда уро махз кунед то хастагиаш рафь гардад бовари дорам зиндагиатон тархи дигар мегирад боки хушбахт бошед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД