Маҳсулоти лозима:
500 грамм лаҳми мурғ, 1 истакон нонхушкак, 0,5 истакон кефир, 3 қошуқ кунҷид, 2 дона сирпиёз, 2 қошуқча паприка, намак ва мурч мувофиқи табъ.
Тарзи таҳия:
Гӯшти лаҳми мурғро каме кӯфта, ба тасмаҳои дароз буред. Нонхушкак, кунҷид, паприка, намак ва мурчро бо ҳам омехта кунед. Сирпиёзро майда карда, бо кефир якҷо намоед. Ҳар порчаи мурғро аввал ба кефир ва баъд ба омехтаи нонхушкак ғелонед. Дар равғани тафсон то тиллоранг шудан бирён кунед. Бо дилхоҳ соус пешкаш намоед.