formula
Чизкейк бо қулфинай
3192

 

                            Маҳсулоти лозима:
250 грам – печен
180 грам – маргарин “Добрый пекарь” 
500 грам – панир (сливочный сыр)
200 грам – қаймоқ
150 грам – шакар
3 дона – тухм
25 грам – орд
20 грам – крахмал
5 грам – ванелин
3- 4 қошуқ – ширқиём
4 – 5 дона – қулфинай

                                    Тарзи таҳия:
Дар блендер печенҳоро гирифта майда кунед. Ҳар гуна печен бошад мешавад. Агар блендер набошад дар зарф гирифта майда кунед ҳам мешавад. Печенҳоро ки майда кардед 2 -қошуқашро барои ороишаш гузоред ва ба боқимондааш маргаринро об карда илова кунед ва хуб омехта кунед.

Ба қолаб равған молида ба он қоғази пергамент тунук кунед ва маҳсулоти бо печен омода кардаро дар он гиред ва бо стакон пахш кунед ва то омода шудани малҳам (крем) дар яхдон нигоҳ доред. Дар зарфи дигар панир гирифта омехта кунед ва ба дарунаш қаймоқ илова карда лат занед. Ним стакон шакар, ванелин, тухмҳоро як –як андохта бо миксер лат занед.

Пасон орд, крахмал, ширқиём илова карда, то хуб омехта шуданаш лат заданро идома диҳед. Малҳамро (крем)- ро ба қолаб аз болои печенҳо мерезед ва дар тагаш дар як коса оби гарм гирифта дар зери чизкейк дар тафдон монед. Дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа 30 – 35 дақиқа то пӯхтанаш меистад.

Баъди хунук шуданаш як шабонарӯз дар яхдон меистад дам мегирад. 4 – 5 дона қулфинайро реза карда болояшро оро диҳед. 30 дақиқа дам мегирад баъдан мебуред ва истеъмол мекунед.
Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД