goodwell
Чодари хунини гуларӯс (ҚИСМИ 14)
09.06.2026
Oila.tj
465

Адҳамро муфаттиш ҳамроҳи як нафари дигар ба хонаи алоҳида дароварда, аввал бо Далер рӯ ба рӯ намуд, чун иқрор накард, ӯро ба хонаи алоҳида бурда, дар курсии барқӣ шинонданд ва тарсониданӣ шуданд.

Адҳам худ низ шояд дигар рад кардани гуноҳро бефоида донист, ки гуфт:

- Гулноз ба ман хиёнат карда буд ва ба никоҳи ман розӣ нашуд. Ман гумон кардам, ки ӯ бо Ҷовид ишқварзӣ дошт. Аз ин сабаб тасмим гирифтам ӯро, бо чӣ роҳе бошад, ба никоҳам дарорам, ба хона оварда, ба қатл расонам ва чунон нишон диҳам, ки ӯ худкушӣ кардааст. Ба хотири он ки дар корд нақши дастони ман пайдо нашавад, пеш аз тӯй Далерро ба хона даъват намуда, ин кордро бо баҳонаи пора кардани гӯшт ба дасти ӯ додам ва баъдан онро ба латтапорае печонда, коре кардам, ки нақши дастони ман дар он набошад. Ман бояд баъди куштан кордро дар кафи дасти Гулноз маҳкам мемондам, то нақши панҷаҳои худи Гулноз дар он сабт шавад, вале саросема шудам ва кордро партофта, баромадаам.

- Гулноз муқобилият нишон надод? Фарёд накард? Ақаллан янгааш бедор нашуд?,- пурсид муфаттиш.

- Ман пешакӣ ба янгааш таҳдид карда будам. Ӯ агарчи ба ман кумак нарасонд, вале бояд, ки то аз дар баромада, ба хонаи хоб рафтани ман худро ба хоб мезад.

- Яъне, янга ҳам дар ин куштор даст дорад?

- Не, даст надорад, вале аз тарс хомӯш истод. Таҳдид карда будам, ки агар садо барорад, ӯро ҳам мекушам.

Янгаро низ фавран аз нав мавриди пурсиш қарор доданд.

- Мо ҳеҷ гуна маслиҳати пешакӣ надоштем,- гуфт ӯ.- Агар ин тавр мебуд, ман ҳамроҳи Гулноз ҳаргиз ба хонаи Адҳам намеомадам. Ман дар қатли Гулноз даст надорам. Чӣ гуна ба хона даромадани Аброр, худро ба болои Гулноз партофтан, даҳони ӯро дошта, ба синааш корд заданро дидам, вале аз тарс хомӯш истодам. Зеро вақти аз дар баромадан Адҳам кордро ба гулӯям монда, таҳдид кард, ки агар овоз барорам ё шоҳидӣ диҳам, ҳатман кушта мешавам. Ман медонам, ки дар чунин лаҳзаҳо шоҳидонро зинда намемонанд.

- Чаро баъд аз он ки мо Адҳамро боздошт намудем, ту аз болояш шикоят накардӣ?,- пурсид муфаттиш.- Дигар Адҳам ба ту наметавонист зиён расонад ва ту имрӯз дар ин ҷиноят шарик намешудӣ.

- Тарсидам.

Адҳам дар суд изҳор кард:

- Гулноз пеш аз тӯй рӯйрост ба ман гуфт, ки «зани қонунии ту мешавам, вале ҳеҷ гоҳ аз ту нахоҳам шуд. Тану ҷисмам бо ту мемонад, вале қалбаму рӯҳам ҳатман бо дигаре хоҳад буд». Баъд аз шунидани ин суханҳо аҳд кардам, ки Гулнозро мекушам.

- Чаро ӯро куштӣ ва худро паси панҷара бурдӣ? Оё пушаймониат дар оянда метавонад ба ту тасаллӣ бахшад?

Адҳам гуфт:

- Ман ба хулосае омадам, ки Гулноз бояд на ҷисман ва на рӯҳан ба касе тааллуқ надошта бошад, барои ҳамин ҷисму рӯҳ ва ҳатто қалбашро ба хок фиристодам.

Холиқназар ҶУМЪАЗОДА

Соли 2008

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД