Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, дар чорабинӣ устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои миллӣ фазои идонаро боз ҳам шукӯҳманд гардониданд.
Гуфта мешавад, ки тибқи Нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт чунин чорабинии фарҳангӣ дар назар аст.