toyota motors
Чорабинии маърифатӣ дар Нуробод бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила
14.05.2026
Oila.tj
114

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила (15-уми май) дар ноҳияи Нуробод чорабинии маърифатӣ доир гардид. Инчунин озмунҳои «Оилаи беҳтарин» ва «Фарзанд - боғи падару модар» ҷамъбаст шуданд.

Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон, дар рафти чорабинӣ зикр шудааст, ки оилаи солим асоси ҷомеаи пешрафта буда, тарбияи дурусти фарзандон аз муҳити гарму солими оила сарчашма мегирад.

- Озмунҳо дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026» гузаронида шуданд. Мақсади баргузории озмунҳо гиромидошти арзишҳои оиладорӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги оиладорӣ, таҳкими оила, бунёд ва мустаҳкамсозии муносибатҳои оилавӣ дар заминаи меҳру муҳаббату эҳтироми якдигар ва баланд бардоштани масъулияти оила дар тарғиби фарҳанги оиладорӣ мебошад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД