sebiston july new
Дар 6 моҳ 17 000 кас фавтидааст
533

Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакат таваллуд кам ва фавт зиёд шудааст.

Тавре ки директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ниҳоди мазкур ба хабарнигорон гуфт, дар моҳҳои январ-июни соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сабти таваллуд дар ҷумҳурӣ 3,0 фоиз кам шудааст.

Мавсуф афзуд, ки тамоюли камшавии сабти таваллуд дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба ғайр аз шаҳри Душанбе мушоҳида мегардад. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфт, ки камшавии сабти таваллуд дар вилояти Хатлон 2,9 фоиз (44,9 ҳазор кӯдаки навзод), дар вилояти Суғд 3,9 фоиз (25,7 кӯдаки навзод), дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 6,5 фоиз (23,9 ҳазор кӯдаки навзод) ва дар Бадахшон 5,5 фоиз (1,6 ҳазор кӯдаки навзод)-ро ташкил намудааст. Дар ин давра сабти таваллуд дар шаҳри Душанбе зиёд шуда, 8,3 фоиз (10,8 ҳазор кӯдаки навзод)-ро ташкил намуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин давра мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 106,8 ҳазор кӯдакони навзодро дар муҳлатҳои дар асоси қонун муайяншуда (бе назардошти сабти барқароркунии таваллудҳои солҳои пешин) ва 17 ҳазор шахсони фавтида, аз ҷумла, 0,9 ҳазор кӯдакони то 1-солаи фавтидаро сабт намудаанд. Коэффитсиенти умумии таваллуд ва коэффитсиенти умумии фавт аз рӯи баҳои пешакӣ мутаносибан ба 1000 нафар аҳолӣ 21,2 ва 3,4 нафар рост омадааст.

Бақайдгирии шахсони фавтида дар шашмоҳаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,0 фоиз зиёд шуда, 17,0 ҳазор нафарро ташкил дод. Зиёдшавии сабти шахсони фавтида дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мушоҳида шудааст. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд сабти шахсони фавтида 0,3 фоиз- 5,8 ҳазор фавт, дар вилояти Хатлон 7,8 фоиз- 5,9 ҳазор фавт, дар Душанбе 3,3 фоиз- 1,5 ҳазор фавт, дар навоҳии тобеи марказ 2,7 фоиз- 3,3 ҳазор фавт ва дар Бадахшон 16 фоиз зиёд шуда, 486 фавтро ташкил додааст.

Роҳбарияти Агентии омор таъкид дошт, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз рӯи маълумоти пешакӣ дар шаш моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4,2 фоиз кам шуда, 89,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ин ба 1000 нафар аҳолӣ 17,8 нафар рост меояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД