Давоми 6 моҳи соли 2026 аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт 93 ҳолати машғул шудан ба фолбинӣ ошкор карда шудааст.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, барои такроран ба фолбинӣ машғул шудан нисбати 5 нафари онҳо тибқи талаботи моддаи 240, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиш қарор доранд.
Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки давоми соли ҷорӣ барои истифода аз хизматрасонии фолбинон нисбати 11 нафар шаҳрвандон тибқи моддаи 482, иловаи 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардидаанд.
Аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки барои аз байн бурдани ин зуҳуроти нангину номатлуб бетараф набошанд. Аз рафтан ба назди фолбинон худдорӣ намуда, ба мақомоти милитсия мусоидат намоянд.