toyota motors
Дар Афғонистон ҳамсари як овозхонро ба қатл расонидаанд
193

Дирӯз, 7-уми май дар Афғонистон ҳамсари овозхони маъруфи маҳаллӣ Абдусалом Мафтунро ба қатл расонидаанд.

Бино ба навиштаи расонаҳо, ҳамсари Абдусалом Мафтун - Лайламо ҳамроҳи кӯдаки хурдсолаш ҷониби бозори занона равон будааст ва баногоҳ мавриди ҳамла қарор гирифта, ҷароҳати вазнин бардоштааст. Зан пас аз интиқол додан ба беморхона ҷон бохта, фарзандаш зинда мондааст.

Абдусалом Мафтун шогирд ва пайрави овозхони маъруфи афғон Мир Мафтун буда, яке аз ҳофизони маъруфи маҳаллӣ ба шумор меравад. Ҳамсараш Лайламо дар бозори занонаи Афғонистон мудири як қаҳвахона ва масъули коргоҳи дӯзандагие будааст, ки аз тарафи Бунёди Оқохон таъсис ёфтааст.

Масъулияти ин ҳодисаро то кунун ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст, вале баъзе расонаҳо навиштаанд, ки аллакай як нафар дар робита ба ин ҳодиса боздошт шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД