Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд мегардад.
Боғи нав бо ибтикори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея бунёд ёфта, ба боз ҳам сарсабзу хуррам гаштани пойтахт, беҳтар намудани муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғат барои сокинону меҳмонони пойтахт мусоидат хоҳад кард. Ин боғ ҳамчун майдони муаррифии фарҳанг, анъана ва арзишҳои миллии Тоҷикистону Корея хизмат мекунад.
Дар раванди бунёди боғ истифодаи технологияҳои муосири сабз пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, низоми обёрии қатрагӣ, равшанидиҳии каммасраф ва маводи аз ҷиҳати экологӣ безарар истифода хоҳанд шуд. Чунин тадбирҳо на танҳо ба сарфаи захираҳои обу нерӯ, балки ба нигоҳдории устувори фазои сабз мусоидат мекунанд.
Боғи фарҳангу фароғатӣ тибқи нақша то охири соли 2026 ба истифода дода мешавад.