goodwell
Дар Ашқобод ба хотири Сайидои Насафӣ гул гузошта шуд
20.08.2026
Oila.tj
68

19-уми августи соли 2026 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар маҷмааи боғи фарҳангии Махдумгули Фироқӣ (Magtymguly Pyragy) дар шаҳри Ашқобод назди муҷассамаи мутафаккир ва шоири барҷастаи тоҷику форс Сайидо Насафӣ гулдаста гузошт.

Гулгузорӣ ба хотири гиромидошти хотираи Сайидои Насафӣ - яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти классикии тоҷик анҷом дода шуд.

Сайидо Насафӣ аз шоирони маъруфи асри XVII буда, дар рушди адабиёти тоҷик ва форсӣ саҳми назаррас гузоштааст. Осори ӯ то имрӯз ҳамчун бахше аз мероси ғании адабиёти классикии тоҷик арзиши баланди фарҳангӣ дорад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки муҷассамаи Сайидои Насафӣ дар боғи фарҳангии Махдумгули Фироқӣ дар шаҳри Ашқобод ҷойгир буда, рамзи эҳтиром ба мероси муштараки адабӣ ва фарҳангии халқҳои минтақа ба ҳисоб меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД