Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» баргузор гардид, ки дар он ғолибони даври якуми озмун аз шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва ноҳияи Ишкошим иштирок намуда, дастовардҳои оилавии худро ба намоиш гузоштанд.
Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси хулосаи ҳайати Комиссияи вилоятии озмун Зӯҳро Сулаймонова аз ноҳияи Дарвоз ҳамчун хушдомани беҳтарин сазовори ҷойи якум гардид.
Ҷойи дуюм насиби хушдомани беҳтарин аз ноҳияи Рӯшон Давлатсултон Юсуфбекова гардида, ҷойи сеюмро Меҳринигор Шомамадова аз шаҳри Хоруғ сазовор шуд.
Инчунин Мадия Шарипова аз ноҳияи Ванҷ, Назарбахт Ёралиева аз ноҳияи Шуғнон, Санам Фарҳодова аз ноҳияи Ишкошим ва Давлатбегим Рамоншоева аз ноҳияи Роштқалъа бо гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ хушдоманҳои беҳтарин дониста шуданд.