arzon replenishment
Дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ фаромадани тарма эҳтимол дорад
371

 

Рӯзҳои 28-29-уми марти соли ҷорӣ дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест.

Дар ин бора Агентии ҳавошиносии кишвар хабар дода, ҳамзамон пешгӯӣ мекунад, ки то 31-уми март ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, боридани борон ва раъду барқ дар назар аст.

Рӯзи 28-уми март дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 м/с, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 11+16º гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 18-23м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 гарм, рӯзона 13+18º гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9º хунук, рӯзона 5+10º гарм, дар баъзе минтақаҳо то -1+1º мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо рӯзона боришоти борон дар назар буда, шабона дар баъзе ноҳияҳо бошиддат меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан ҳолатҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 14-19м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5+10º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то -4+1º, рӯзона 5+10º гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 11+13º гарм, рӯзона 20+22º гарм мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД