goodwell
Дар Беларус 20 намуди таоми миллии тоҷикон пешниҳод гардид
16.06.2026
Oila.tj
102

Кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус дар Фестивали байналмилалии гастрономии «Дипломатия вкуса», ки бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус ташкил гардид, ба иштирокдорон таомҳои тоҷикиро пешниҳод намуданд.

Тавре Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар медиҳад, дар фестивал ҷониби Тоҷикистон дар баробари 16 намояндагии дипломатӣ гӯшаи миллиро бо намоиши мероси ғании ошпазии мамлакат, ки дар он зиёда аз 20 навъи таом ва нӯшокиҳои миллӣ пешниҳод гардида буданд, ташкил намудааст.

Ҷойгоҳи асосиро дар дастархон «Оши палав» - таоми миллие, ки рамзи фарҳанги тоҷикон буда, ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардидааст, ишғол намудааст. Ҳамчунин самбӯсаҳои гуногун, таоми қадимаи қурутоб, дегкабоб, нонҳои гарм, манту, чак-чак, ҳалво ва чойи кабуди хушбӯй таваҷҷуҳи зиёди меҳмононро ба худ ҷалб намудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД