gazprom august 2025
Дар Чин зан-роботи “идеалӣ” сохтанд, ки тамоми хоҳишҳои мардро иҷро мекунад
140

Дар кишвари Чин зан-роботҳои “идеалӣ”-ро ба фурӯш баровардаанд, ки гӯё тамоми хоҳишҳои мардро бечунучаро иҷро мекардааст. Дар ин бора kris.p.media хабар додааст.

Тавре манбаъ менависад, арзиши зан-роботи “идеалӣ” тақрибан аз $175 ҳазор доллари амрикоӣ оғоз меёбад. Зан-роботи “идеалӣ” пурра мувофиқи хоҳиши харидор сохта мешавад. Мард метавонад шакли “зан”-и оҳаниаш, ранги чашмон, қаду қомат ва ҳатто хислатҳои ӯро тавре худаш мехоҳад, фармоиш диҳад.

Инженерҳое, ки ин роботҳои аҷибро сохтаанд, бовар мекунонанд, ки зан-роботи “идеалӣ” ҳеҷ гоҳ бо мард баҳсу мунозира намекунад, мудом табъаш болида буда, мардро ҳамеша бо табассум пешвоз мегирад, бе ғурбат тамоми кору бори рӯзгорро анҷом дода, мардро ҳаматарафа дастгирӣ мекунад.

Ҷомеа ба ду қисм тақсим шудааст, бархе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ихтироъкоронро табрик карда, гуфтаанд, барои мардоне, ки ба осонӣ бо занҳо забон ёфта наметавонанд, зан-робот роҳи беҳтарини ҳалли масъала аст, вале қисмати дигар зидди ин лоиҳа баромада, онро "шикасти башарият" меноманд. Ин тоифа аз он ҳарос доранд, ки чунин технологияҳо ба пурра аз байн рафтани арзиши муносибатҳои воқеӣ бурда мерасонанд.

Коршиносон пайдоиши зан-роботро ба буҳрони демографии Чин марбут медонанд. Бо сабаби зиёд будани аҳолӣ солҳои зиёдест, ки дар ин кишвар сиёсати "як фарзанд" ҷорӣ карда шудааст ва ин боис гардид, ки дар Чин шумораи мардон нисбат ба занон ба маротиб бештар гардад. Талабот ба чунин технологияҳо дар Чин табиист.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД