Commerce bank may-june 2026
Дар Деваштич беморхонаи замонавӣ ва мактабу кӯдакистонҳои нав ба фаъолият шуруъ карданд
94

Дар деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштич беморхонаи замонавӣ бунёд ёфта, имрӯз, 7-уми июл бо иштироки Сарвари давлат маросими тантанавии ифтитоҳи ин муассисаи нави соҳаи тандурустӣ баргузор гашт.

Беморхонаи нав дорои 4 шуъба ва 40 кати хоб буда, бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ, аз қабили дастгоҳҳои сабти барқии дил, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, ташхиси ултрасадо, дастгоҳҳои безараргардонӣ таъмин гаштааст. Минбаъд 14 ҳазору 384 сокини деҳаҳои Далёни Боло, Обиборик, Қалъачаи Арбоб ва Навобод аз хизматрасонии босифати тиббӣ дар ин беморхона баҳраманд мегарданд.

Дар Далёни Боло ҳамчунин коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофӣ сохта шуда, 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.

Сарвари давлат дар Далёни Боло ҳамзамон ду боғчаи нави бачагона бо фарогирии то 300 кӯдак ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44-ро барои 640 хонанда, дар Далёни Поён бошад, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд, ки барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД