gazprom august 2025
Дар донишгоҳ ва донишкадаҳои олии Русия таҳсил кардан мехоҳед?
98

Ҳукумати Русия барои донишҷӯёни тоҷик 1000 квота ҷудо кардааст. Шуруъ аз 15-уми сентябр қабули аризаи довталабон барои таҳсил бо бурсия (квота) дар Русия оғоз ёфта, хоҳишмандон метавонанд бахти худро бисанҷанд.

Тавре намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон иттилоъ додааст, барои дарёфти бурсия довталаб бояд дар сомонаи "education-in-russia.com" номнавис шавад, донишгоҳ ва барномаи таҳсилро интихоб карда, дархостро дар шакли маҷозӣ пур карда, акс, нусхаи шиноснома, ҳуҷҷати таҳсилотӣ ё маълумотнома дар бораи давраи таҳсилро замима намояд ва аз санҷишҳои интихобии фосилавӣ гузашта, ба донишгоҳ роҳхат бигирад.

Номнависӣ то 15-уми декабри соли 2025 идома меёбад.

Барои хоҳишмандоне, ки мехоҳанд бо квота ба донишгоҳҳои Русия дохил шаванд, ҳар рӯзи ҷумъа соати 16:00 дар Хонаи русӣ дар Душанбе, бо суроғаи гузари 1-уми кӯчаи Лоҳутӣ, хонаи 4 машварат баргузор мегардад.

Рақамҳо барои тамос:

Шаҳри Душанбе: (+992 37) 221-89-47

Шаҳри Хуҷанд: (+992 34) 226-02-22

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД