Дар донишгоҳҳои хориҷӣ
ройгон таҳсил кардан мехоҳед?
Ҷавононписарон ва ҷавондухтароне,ки дониши хуб доранд ва мехоҳанд дар донишгоҳу донишкадаҳои олии мамолики хориҷӣ таҳсил намоянд, имкон доранд бахти худро барои дарёфти стипендияи “Дурахшандагон” бисанҷанд.
Қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсили ройгон дар донишгоҳу донишкадаҳои олии хориҷӣ тариқи бурсияи “Дурахшандагон” аз имрӯз, 6-уми август оғоз ёфта, то 20-уми феврали соли 2027 идома хоҳад кард. Тавре ки масъулини Маркази “Дурахшандагон” зимни суҳбат бо журналистон гуфтаанд, даври дуюми ҳуҷҷатсупорӣ аз моҳи март то моҳи июни соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.
“Ба ин барнома барои тамоми зинаҳои таҳсил - бакалавриат, магистратура, резидентура, ординатураи клиникӣ, аспирантура, докторантура ва таҷрибаомӯзӣ метавон ҳуҷҷат супурд,”-омадааст дар хабар.
Барои сабти ном шумо бояд ҳуҷҷатҳоятонро ба “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” пешниҳод намоед, ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 воқеъ гаштааст.
Барои сабтином ҳуҷҷатҳои зерин лозиманд:
1. Нусхаи шиносномаи довталаб ва волидонаш.
2. Маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ
3. Маълумотномаи тиббии шакли 038 (086)
4. Маълумотнома аз маркази наркологӣ оид ба гирифтор набудан ба бемории нашъамандӣ.
5. Маълумотнома дар бораи ҳолати равонӣ аз беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ.
6. Маълумотнома дар бораи гирифтор набудан ба ВИЧ/СПИД
7. Тавсифнома аз ҷойи кор, таҳсил ё дигар мақомоти дахлдор
8. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот бо ҷадвали баҳо ва ҳуҷҷати гувоҳномаи хатм-аттестат ё диплом.
9. Расид аз “Амонатбонк” (120 сомонӣ
10. Сертификати донистани забони хориҷӣ (IELTS, TOEFL, DUOLINGUO, GOETHE, H&C
11. Як адад сурати андозаи 3×4 см.
Маълумоти бештарро шумо метавонед тариқи телефони 223-23-59 аз Маркази “Дурахшандагон” бигиред.