toyota motors
Дар Душанбе 30 автобуси нави барқӣ ба мусофирон хизмат мерасонанд
77

Дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе 30 электробус, яъне автобуси нави барқӣ ба фаъолият шуруъ намуда, минбаъд ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд.

Тибқи иттилои МИҲД-и шаҳри Душанбе, автобусҳои нав як муддат ба таври омӯзишӣ дар хатсайрҳои автобусии №17 (Истгоҳи боғи С. Айнӣ - маҳаллаи Авул) ва №41 (Дидбонгоҳи Чорбоғ - Дидбонгоҳи Ғарбӣ) бо мусофиркашонӣ машғул мешаванд. Пардохти ҳақи роҳкиро дар автобусҳои нав ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шудааст.

“Душанбенақлиётхадамотрасон” - ниҳоди масъули танзим ва назорати нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт аз сокинон хостааст, ки аз хизматрасонии автобусҳои барқии нав истифода бурда, фикру музоҳиза ва пешниҳоди худро барои қабули қарори ниҳоӣ дар мавриди ин автобусҳо ироа намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД