35 years of independency
Дар Душанбе ҳаракати нақлиёт дар чанд роҳ маҳдуд мешавад
27.10.2026
Оила
37

Дар Душанбе ҳаракати нақлиёт дар чанд роҳ маҳдуд мешавад

Ҳаракати нақлиёт дар як қатор хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе рӯзи 27 -уми октябр аз соати 08:30 то 10:00 муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, маҳдудият хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои И. Сомонӣ, Ҳ. Шерозӣ ва С. Шерозӣ, инчунин кӯчаҳои А. Қаҳҳоров, Карин Ман ва М. Мастонгуловро дар бар мегирад.

Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин муддат аз роҳҳои шафат истифода бурда, аз таваққуфи ғайриқонунии воситаҳои нақлиёт худдорӣ намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД