35 years of independency
Дар Душанбе бинои нави МТМУ №105 ба истифода дода шуд
31.08.2026
Оила
45

Дар Душанбе бинои нави МТМУ №105 ба истифода дода шуд

Субҳи имрӯз, 31 август, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-ро мавриди истифода қарор доданд.

Ин муассисаи таълимӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити муосир барои таълиму тарбияи хонандагон бунёд гардида, бо оғози соли нави таҳсил дарҳои худро ба рӯи хонандагон боз мекунад.
Дар маросими ифтитоҳ масъулини соҳаи маориф, омӯзгорон ва дигар намояндагон иштирок доштанд.
Ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ дар арафаи оғози соли нави таҳсил қадами дигар дар самти рушди инфрасохтори соҳаи маориф ва фароҳамсозии шароити беҳтар барои таҳсили хонандагони пойтахт арзёбӣ мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД