1xbet
Дар Эрон 1 зан 11 шавҳарашро барои пул заҳролуд карда куштааст
523

Дар Эрон занеро боздошт намудаанд, ки дар куштори беш аз 10 мард гумонбар дониста мешавад. Мақомот мегӯянд, ки ин зан ба 11 марди сарватманд ба шавҳар баромада, баъд ба хотири пулу мол ва сарвату дороиҳои мардҳоро соҳиб шудан, ҳамсаронашро бо роҳи заҳролудсозӣ ба ҳалокат расонидааст.

Қулсун Акбарӣ 56 сол дошта, аз вилояти Мозандарони Эрон мебошад. Ин зан даст доштанашро дар як силсила кушторҳои мардон ба хотири мусодираи амвол ва маҳр эътироф намудааст.

Гуфта мешавад, ки Қулсун Акбарӣ махсус мардҳои муҷарради танҳо ва сарватмандро ёфта, бо маҳри зиёд издивоҷ мекардааст ва баъдан барои соҳиб шудан ба давлату сарвати мард ба шавҳаронаш доруҳои зиёди барои фишорбаландӣ ва касалии қанд пешбинишуда хӯронда, онҳоро заҳролуд мекардааст. Аз ҳамин сабаб марги ин мардонро аз беморӣ ё пирӣ дониста, аз ин зани маккора шакку шубҳа накардаанд.

Қулсун Акбарӣ аз соли 2000 то 2023 дар маҷмуъ 11 мардро бо усули заҳролудсозӣ бо дорувории зиёд ба ҳалокат расонида бошад ҳам, бо сабаби он ки шавҳаронаш аз шаҳрҳои гуногуни Эрон будаанд, ҷиноятҳои содиркардаи ин зан муддати тӯлонӣ пинҳон мондаанд, вале тавре мегӯянд, дар дунё ягон сирре нест, ки то абад пинҳон монад.

Сирру асрори ин зан низ соли 2023 пас аз марги шавҳари охиринаш Ғуломризо Бобоии 83-сола фош гаштааст. Хешовандони ин мард ба марги табиии вай шубҳа намуда, ба мақомот муроҷиат кардаанд ва ин боис гаштааст, ки ҷиноятҳои дигари ин зан низ рӯйи об бароянд.

Хешовандони собиқ шавҳаронаш, ки аз дасти Қулсум мурдаанд, талаб доранд, ки ин зан ба дор овехта шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД