Дар интизории фарзанди бемеҳр
07.02.2026
Oila.tj
237

Ассалому алайкум, аҳли қалам ва хонандагон. Ман як марди деҳқонам. Як писар дорем, нури дидагонам, умеди пириям. Даҳ сол пеш ӯро бо дуои хайр ба шаҳри рус гусел карда будам. Гуфта буд: «Падарҷон, меравам, кор мекунам ва шуморо бо очаҷонам ба зиёрати Хонаи Худо мебарам...”.

Имрӯз шунидам, ки писарам дар он ҷо одами калон шудааст. Қасрҳо доштааст, мошинҳои гаронбаҳо мерондааст. Зани русаш духтари як сарватманди шаҳри Краснодар будааст.

Ӯ шарм медоштааст, ки падараш як деҳқони одӣ ва модараш як зани деҳотӣ аст, ки ҳанӯз ҳам бо ҳезум нон мепазад.

Писарам, нон насиби кас бувад, аммо одамгарӣ насиби ҳар кас нест. Мо аз ту пул намехоҳем, мо аз ту қаср намехоҳем. Фақат як бор занг зану бигӯ: “Очаҷон, бӯи нони гарми шуморо ёд кардам”.

Магар ҳамон нони ҷавине, ки бо заҳмат ба даҳонат мегузоштем, аз таомҳои шоҳонаи имрӯзаат бомаззатар набуд?

Ман чиптаи ҳавопаймо надорам, ки наздат равам. Ман танҳо як асо дорам ва як ҷуфт кафши кӯҳна. Аммо дилам метарсад, метарсад, ки вақте пушаймон мешавӣ, ки дигар дар ин ҳавлии кӯҳна касе интизорат нест...

Бо эҳтиром, падаре, ки ҳанӯз ҳам сари кӯча нигоҳ ба роҳ аст.

Т. И.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД