Муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор имсол зиёда аз 9024 нафар хонандагони синфи якумро қабул намудаанд, ки 4234 нафари онҳо духтарон мебошанд.
Ҳамчунин дар 11 кӯдакистони фаъоли шаҳр 252 кӯдак ва дар 55 синфхонаи нав таъмиршудаи 22 муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор 2500 нафар кӯдаконро ба гурӯҳҳои маркази инкишофи кӯдак қабул менамоянд.
Бо талошу заҳмати сокинони шаҳри Ҳисор, соҳибкорон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли нави таҳсил ду кӯдакистони нави хусусӣ барои 340 кӯдак, 6 бинои иловагӣ дар назди шаш муассисаи таълимию як мактаби нав дар деҳаи Уртабузи ҷамоати шаҳраки Шарора мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар онҳо дар маҷмуъ 3860 нафар хонандагон дар ду баст бо ҷойи нишаст таъмин мегарданд.
Имрӯзҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони 4 муассисаи нави таълимӣ, биноҳои иловагии назди 14 муассисаи таълимӣ ва корҳои сохтмонии синфхонаҳои маркази инкишофи кӯдак дар назди 9 муассисаи таълимӣ идома доранд, ки дар рӯзҳои муайяншуда ба истифода дода мешаванд.