toyota motors
Дар Кангурт Мактаби президентӣ сохта шуд
86

Дар деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Мактаби президентӣ кушода шуд.

Ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ бародарон Шамсулло ва Маҳмадзоҳир Соҳибовҳо бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат аст ва барои 700 хонанда пешбинӣ шудааст. Бино дорои 27 синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои корӣ, толори фарҳанг бо 240 ҷойи нишаст, китобхонаи анъанавӣ ва электронии ба хати интернети баландсуръат пайваст, толор, майдончаи варзишӣ барои бозиҳои волейболу баскетбол, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Синфхонаҳо бо компютерҳои навтарин ва таҷҳизоти интерактивӣ низ таъмин гардидаанд.

Омӯзгорон ва хонандагон ба мактаби мазкур тариқи озмун қабул карда мешаванд. Таҳсил дар Мактаби президентӣ бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Санаи 2-юми октябри соли 2025 Мактаби президентии ноҳияи Темурмалик бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Сароғоз ин муассисаи таълимӣ барои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ шуда буд, вале Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо шароити таълимӣ дастур доданд, ки он ба Мактаби президентӣ барои ҷамоатҳои деҳоти Кангурт ва Ҳусейнободи ноҳияи Темурмалик табдил дода шавад.

Сарвари давлат дастур додаанд, ки дар назди Мактаби президентӣ барои 400 хонанда хобгоҳ ва барои 200 кӯдак муассисаи таҳсилоти томактабӣ низ сохта шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД