Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ташаккули фарҳанги муносибати масъулона ба муҳити зист, аз ҷониби Шуъбаи экология ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иқдоми навбатии иттилоотӣ роҳандозӣ гардид.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, дар доираи ин ташаббус варақаҳои иттилоотӣ оид ба зарурати тозаву озода нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард таҳия шуда, дар фурӯшгоҳҳо, марказҳои хизматрасонии ҷамъиятӣ ва воситаҳои нақлиёти мусофиркашони терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар насб карда шудаанд.
Ба иттилои масъулин, ҳадафи асосии иқдоми мазкур ҷалби таваҷҷуҳи ронандагон ва мусофирон ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, пешгирии партофтани партовҳо дар канори роҳҳои автомобилгард ва баланд бардоштани фарҳанги экологии ҷомеа мебошад.