Commerc banl
Дар Ховарон дар 7 гектар замин боғи себ, олу ва ангур бунёд мегардад
26.02.2026
Оила
105

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезия дар минтақаи Ховарони шаҳри Душанбе дар майдони 7 гектар боғҳои сабзу хуррами себ, олу ва ангурро бо ду ҳавзи захираи об бунёд хоҳад кард.

Рӯзи 25-уми феврал дар ин минтақа бо иштироки роҳбарони корхонаву муассисаҳои сохтории кумита машварат доир гашта, раиси кумита Ориф Хоҷазода дар боби бо риояи қатъии агротехникӣ шинонидани ниҳолҳо ва таъмини нашъунамои хуби онҳо тавсияҳои муфид дод.

Аз ҷониби директори Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз» тарзи кишту парвариши ниҳолҳо ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуд. Мутахассисони институт аз ин замин намунаҳо гирифта, таркиби онро муайян намудаанд. Ташхиси хокшиносӣ марҳилаи муҳими оғози киштукор буда, ба ин масъала бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» мавриди амал қарор дорад, ки яке аз ҳадафҳои асосии он нигоҳдории вазъи муътадили ҳавои атмосфера, тавозуни табиии устувор ва сабзазоркунӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД