Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон моҳи октябр намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Дар намоишгоҳ намояндагони корхонаҳои табъу нашри беш аз даҳ давлати ҷаҳон ва ноширони Тоҷикистон китобҳои тозанашрро ба намоиш мегузоранд. Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа мебошад.
Ёдрас мешавем, ки намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» аз соли 2010 инҷониб баргузор мегардад.