goodwell
Дар Кӯлоб 850 оила бар асари сел ва обхезӣ зарар дидаанд
101

Дар Кӯлоб бар асари сел ва обхезӣ дастикам 850 оила зарар дидаанд. Дирӯз бо иштироки сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода ҷаласаи якуми ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ин шаҳр баргузор гашта, ба масъулин супориш дода шуд, ки аҳолии осебдида бо маводи сӯзишворӣ, оби ошомиданӣ ва нерӯи барқ сари вақт таъмин карда шуда, оқибатҳои офати табиӣ ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.

Комиссияи ҷумҳуриявӣ ҳаҷми пурраи хисоротро муайян намуда, ҷиҳати барқарорсозии инфрасохторҳои зарардида табдирҳои мушаххас меандешад.

Айни замон дар мавзеъҳои селзада поксозӣ аз обу гил идома дошта, ба аҳолӣ кумаки аввалия расонида мешавад ва сохтмонҳои зарардида дубора барқарор карда мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки бар асари боронҳои шадид ва селу обхезӣ дар Кӯлоб 3 нафар ҷони худро аз даст дода, 3 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД