toyota motors
Дар Левакант 7 талбанда бо гумони дуздӣ дастгир шудаанд
12.05.2026
Oila.tj
94

Аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Левакант ҷинояти дуздии ду гурӯҳ, иборат аз 7 нафар ошкор ва гумонбарон дастгир карда шудаанд.

Бино ба иттилои РВКД дар вилояти Хатлон, дастгиршудагон Холоева Ҳиҷрона Ҳамзаевна, соли таваллудаш 2005, Юлдошова Нигора Насимҷоновна, соли таваллудаш 2002, ноболиғ Ю. Б., соли таваллудаш 2009, Шарипова Марҷона Салимҷоновна, соли таваллудаш 2004, Эрниёзова Лутфия Ҷурабековна, соли таваллудаш 2001, Тоштемурова Марҷона Тоҷидиновна, соли таваллудаш 2000, Шомадова Саломат Аҳлидиновна, соли таваллудаш 1996, сокинони деҳаи Заркамари ноҳияи Восеъ буда, санаи 08.05.2026 ба шаҳри Левакант барои талбандагӣ омада, вориди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон Худойназарова Савринисо, сокини деҳаи Боҳтуробод ва Ғоибова Шарофат, сокини деҳаи Нурафшони шаҳри Левакант гашта, аз набудани соҳибони хона истифода намуда, маблағҳои пулӣ ва ҷавоҳироти тилогину нуқрагинро тасарруф намудаанд, ки бо ин кирдорашон ба шаҳрвандон зарари молӣ расонидаанд.

Гуфта мешавад, ки айни замон боздоштшудаҳо дар ду ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста шуда, нисбаташон тибқи талаботи моддаи 244, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД